Изҳороти Алимухамедова Н.Т.- сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ
Шахси ин гуфтаҳоашро чунин сарлавҳагузорӣ намуда нисбати ҲХДТ маҳз хато асту халос, зеро гуфтаҳоаш беисботанд. Мо халқи тоҷики давлатамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол медонем ва дарк менамоем, ки ҳамаи пешравиҳои ҷамъияти муосири тоҷик дар тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ маҳз бо шарофати ин ҳизб комёб гардида истодааст.
Шахс – яъне ҳар як хонандаи дар бораи мақсаду мароми “Фермаи ҷавоб” донанда оид ба гуфтаҳои худи матн бошад “ Бале” гуфта баъзан тасдиқ менамояд. Дар қатори ин ман ҳам мегӯям, ки ҳақиқатан узвҳои он “Фермаи ҷавоб” таҳқиргӯву дашномкунандаи тинҷиву оромии кишвари мо мебошанду халос. Онҳои бечора аз кӯчаи риояи расму одоби миллии тоҷикӣ нагузашта бошанд, меъёри ахлоқиро аз куҷо сарфаҳм раванд?
Бале, лоиҳаи асосии онҳо душмансозии коркунони ҷамъиятӣ бар зидди сохти давлати ҳуқуқбунёдамон Тоҷикистон мебошаду халос. Онҳои бечора яъне “Фермаи ҷавоб”он шахсонеро аз мақомоти кишвар дилмондаву аз кор ронда сохтаанд, ки иродаи мустаҳкам надоштанд ва баръакс ҷаҳли ким кадом тӯҳматгароёнро ба инобат гирифта худро сарсон намудаанд. Агар онҳо азми қавӣ ва иродаи мустаҳкам дар идоракунии давлату ватанашон медоштанд, “Фермаи ҷавоб”- ҳо барин ташкилотҳоро ба ҳаётамон зомин шуданд намегуфтанд.
Ин тавр бошад ҳам “Фермаи ҷавоб” аз ӯҳдаи ташкили нобасомониҳо дар ҷамъият баромад. Вале намояндагони “Фермаи ҷавоб” набояд, ки аз кардаашон хурсанд шаванд, яъне пеш аз пода чанг набардоранд.
Сомонаи “Ахбор “ ва “Фермаи ҷавоб” ҳардуяшон ғайр аз бӯҳтонсароӣ нисбати якдигар дигар кореро анҷом дода наметавонанд. Онҳо душмани якдигаранду ақидаҳои якхеларо нисбати ҷаҳони муосири тоҷикон дар Тоҷикистон дар майнаашон ҷой додаанд, Азбаски мақсад ва маромашон якхела аст ягон-ягон якдигарро барои таскини дил поймол карда ҳам мемонанд. Такрор шавад ҳам мегӯям, мақсади фермаву сомона номаълум танҳо манбаи вақтгузаронист.
Акнун онҳо ягон далели боисботро бар зидди оромии кишвар наёфтанду гуфтаҳои нафаре бо номи Куруши Кабирро дастак кардаанд.
Аз навиштаҳои Куруш маълум гардида истодааст, ки ҳатто аъзоёни фермаву ахбор дар ташкилотҳояшон қарори мустаҳкаме надоранд. Онҳо ягон ягон ташкилоташонро тарк намуда ба ташкилотҳои ҳамдигар аъзо мешаванду ба он хизмат намуда номи ҷосусиро сазовор мегарданд.
Ман сатрҳои НОМА-ро хондаму худам ҳам ҳайронам, ки чаро онҳо сирри якдигарро ошкор менамуда бошанд. Мақсаду мароми қатъӣ надоранд, мумкин барои ҳамин бошад? Албатта барои ҳамин будагис.
Шахсе, ки ин номародар бораи “Фермаи ҷавоб” ва сомонаи “Ахбор” рӯи қоғаз овардааст, сараш акнун омада ба тахтасанг задааст, яъне ҳушёр шудааст, ки онҳо танҳо душманони миллати тоҷику давлати Тоҷикистонанд.
Навиштаҳои Куруши Кабир тасдиқкунандаи ҳар як солимфикри халқи тоҷик дар мамлакати Соҳибистиқлоламон Тоҷикистон мебошад. Дар айни замон Курушҳо барин сарсон гардидагон дар мобайни фермаву ахборҳо зиёданд. Дер бошад ҳам гуноҳҳои худро ислоҳ карда истодаанд.
Ақидаҳои дилсиёҳкунандаи фермаву ахборҳо барин ташкилотҳо ба чанголи худ як қатор ҷавононро кашида истодааст, ки мо омӯзгорон барои пешгирии ин вабо чораҳои махсус андешида истодаем. Дар Донишгоҳ соатҳои тарбиявиро дар вақташ мегузаронем. Дар лаҳзаҳои тарбиявии дарс дар бораи қарору фармонҳои ВМИҶТ ба донишҷӯён сухан мегӯем. Донишҷӯёни мо аллакай мафҳумҳои сиёҳу (фермаву ахбор) сафедро (Давлати ҳуқуқбунёдро бо халқи меҳнатқаринаш ва тоҷикони соҳибдилу қавиирода) сарфаҳм мераванд.
Кош дигар ҷавонон низ ба мисли Куруш аз хоби ғафлати ба мамлакати оромамон даҳшат меоварда бедор шаванду дилашонро ба халқ холӣ кунанд.
Вале баъзе ба ғафлати фермаву ахбор афтодагон ин сатрҳоро хонда гуноҳамонро Тоҷикистон мебахшидааст гуфта, бесомонии навбатиро дар мамлакат замина гузоранд ва баъд ба лабашон кулӯх молида набояд истанд. Ягон ягон онҳо барои таскини дил ташкилоташонро сиёҳ мекунанд, ки ин бевиҷдонӣ ба ҳисоб меравад.
Ин гуна фиребгарон бо фиребгароиашон як рӯз не як рӯз ба дасти органҳои ҳуқуқ меафтанду пушаймон мешаванд. Онҳо набояд бефиреб ба ташкилотҳои аъзогардидаашон падруд гӯянду домани халқи давлати меҳнатдӯсти худро сахтакак доранд.
Хостаҳои Куруш дар давлати мо мавҷуд асту худи шуури Куруш барин аъзоёни ташкилоти фермаву ҷавобҳоба ин сарфаҳм намераванд, зеро майнаи онҳоро абрҳои тираи тӯҳмату бӯҳтонҳои душманони халқитоҷик гирифтааст.
Ба гуфтаҳои Куруш чунин эрод намуда мегӯям, ки дар Тоҷикистон тоҷикон озоданд вале инро ӯ нағз нафаҳмида истодааст, агар халқ озод намебуд чӣ тавр Куруш барин пушаймонгардидагон фаъолиятҳои нави кориро дар мамлакат ташкил менамуд ва ҳатто худ сарвари он шуда дар дохили кишвар фаъолият мебурд. Масалан ҷамъиятҳои саҳҳомии худташкилнамудаи халқи оддӣ ва сарварии он дар ҷамъият аз тарафи худи халқ дар мамлакатамон фаъолият доранд.
Дар бораи сатрҳои охирини навиштаи Куруш на танҳо Куруш барин ҷавонон, балки тамоми мардуми сулҳпарвару тамаддунофари тоҷик ба ин суханҳо ҳамроҳу ҳамдаст мебошанд.