Ба иғво дода нашавед
Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков дар минтақаи марзии Ворух-Оқсой бо мардум мулоқот намуда, аз сокинон даъват намуданд, ки муросо дошта бошанд ва иззати ҳамсоядориро ҳифз кунанд. Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони Ворух ва Оқсой мардумро ба сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ даъват кард ва гуфт, ки ҳама масъалаҳо бояд аз роҳи муколамаву гуфтугӯ ҳал шаванд. "Мо даҳшати ҷанги шаҳрвандиро пушти сар кардем. Беш аз 157 ҳазор кушта шуда, 50 ҳазор кӯдак ятим монд. Мо бо Сооронбой Шарипович машварат кардем, ки ҳама масъалаҳоро аз роҳи муколама ҳал мекунем. Ин ба он маъност, ки гоҳо ба гузашт ҳам роҳ додан лозим аст. Ман баъди ин ҳама мулоқотҳо ба Чолпонота меравам, музокирот давом мекунад. Шумо, кӯҳасолону оқсақолҳо бояд вазъро нигоҳ кунед. Нагузоред, ки ба иғво дода шаванд". Ҳоҷӣ Домулло Муқомиддин, сархатиби ҷамоати Ворух, ки дар ин вохӯрӣ иштирок доштааст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки президентҳои ду кишвар бо мардум мулоқот намуда, аз эҳтироми ҳамсоядорӣ сухан гуфтанд ва аз сокинон даъват намуданд, ки ба муноқиша ва моҷароҳо роҳ надиҳанд. "Пас аз сӯҳбати президентҳо, ду нафар сокини Оқсой ва ду нафар аз Ворух баромад намуда, аз робитаҳои хуби ҳамсоядорӣ ҳарф заданд. Сокинони ҳарду деҳа ваъда доданд, ки дигар ба муноқиша роҳ нахоҳанд дод",-афзуд сархатиби ҷамоати Ворух. Дафтари матбуоти президенти Қирғизистон гуфт, дар сӯҳбат бо сокинони наздимарзӣ президентон ба "аҳамияти ҳифзи сулҳу субот ва дӯстии байни мардуми ҳамсоя" таъкид кардаанд. Сооронбой Ҷеенбеков гуфтааст: "Мо шароити зиндагии маруми моро дар навоҳии наздимарзӣ хуб медонем, дар бораи мушкилоти ҳалношуда ҳам хабар дорем. Мо ният дорем, ки тамоми талошамонро ба харҷ диҳем, то ки сокинони маҳаллӣ ҳеҷ мушкиле эҳсос накунанд".