Дар Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон поймол намегардад.
Таи чанд рӯзҳои охир дар шаҳри Варшава ҳамоиши САҲА баргузор шуда истодааст, ки бевосита намояндагон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат варзида истода аз ҷониби ин ҳамоиш дастгири ёфтанд ва баҳои баланд гирифтанд. Мавзуи ин ҳамоиш аз барраси иҷрои ӯҳдадориҳо дар соҳаи фаъолияти инсон мебошад. Аммо як хатоги маҳзе, ки аз ҷониби ин созмон дода шуд, ин роҳ додан ба аъзоёни Ташкилоти экстремистиву террористии ҳизби наҳзати исломц ва ё Паймони милли Тоҷикистон мебошад. Аъзоёни ин гурӯҳи террористи дар ҳамоиш аз як ҳузурашон истифода намуда, гӯё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои шаҳрвадон поймол мегардад. Дар ин ҳамоиш маълумотҳои бардуруғеро истифода намуда дар зиндон аз шиканҷаҳои яке аз аъзоёни ин гурӯҳро мегуфтанд. Аммо хушбахтона ҳамаи ин маълумотҳо бардурӯғ будани худро пас аз як рӯз исбот намуд, ки нисбати ӯ ягон ранҷу азоб дар зиндон дида намешавад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон он Тоҷикистони солҳои 90-уми асри гузашта нест, ки ба дасисаву найрангбозиҳои гурӯҳҳои террористию экстромисти бовар намуда ба азобу шиканҷа, нобаробариҳои ҷомеъа гирифтор гардад. Хушбахтона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон аз рӯи Конститутсия ва дигар санаду меъёрҳои ҳуқуқи ҳифз ва ҳимоя мегардад. Конститутсия имрӯз барои мо озодц, баробарҳуқуқц, эҳтиқоди динц ва дигар ҳуқуқу озодиҳоро ба мо додааст. Ва имрӯз мо бояд шукргузор аз чунин сарвару давлат кунем, то ба дасисабозиҳои гурӯҳҳои ҷудогона роҳ надиҳем.
Устодони кафедраи географияи иқтисодӣ ва демографияи факултети геоэкология