​Изҳорот оид ба маҳкум намудани ҳамлаҳои разилона соли сипаригардида ба сайёҳони хориҷӣ

Бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ моён шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳилаи сифатан нав – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини Ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ ва рушди онҳо оғоз намоем. Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба мувафаққиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Таҳким бахшидан ба сулҳ рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар тоҷик ва тоҷикистонӣ бояд бошад.


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон кардаанд, то ин ки ҷаҳониён аз таърих, табиат, дастовард, зебогӣ ва оби тозаи бебаҳои кишварамон шинос гарданд.
Лекин баъзе шахсиятҳое ҳастанд, ки ба ин дастовардҳои бузурги миллиамон зарар расонида истодаанд. Воқеае, ки санаи 29-уми июли соли равон шуда гузашт, кулли кормандони кӯдакистонро ғамгин намуд. Моён ҳам шарики ғаму андуҳи бамиёномада мебошем. Воқеае ки шуда гузашт, даҳшатовар мебошад. Кулли кормандони ширхоргоҳ-кӯдакистони №4 «Афсона»-и шаҳри Бӯстон ба ёру хешовандони ин шаҳрвандони ШМА, давлати Швейтсария ва давлати Нидерландия ҳамдардиамонро баён менамоем.

Дар кори мубориза бар зидди зуҳуроти террористӣ ва экстремистӣ дар ҷомеа, дар ташаккули афкори муштараки ҷамъиятӣ, мавқеи шаҳрвандии эҳтиромгузор ба Қонун дар шароити зудрушдёбандаи ҷумҳурӣ васоити ахбори омма манбаи қавие мебошад, ки бо кӯмаки он афкори ҷамъиятӣ ташаккул дода шуда, ҷавононро дар руҳияи эҳтиром ба Ватану миллат, анъанаҳои миллӣ ва ҳифзи марзу буми кишвари азизамон тарбия менамояд.

Моён кормандони кӯдакистон дар машғулиятҳо вобаста ба тарбияи насли наврас эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, меҳмоннавозӣ, одамдӯстӣ, хулқу атвори ҳамида, дӯстиву рафоқат ва шукргузорӣ аз сулҳу Ваҳдати миллӣ корҳоямонро ҷоннок менамоем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ