​Барои ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистону Кирғизистон!!!

Мардуми Тоҷикистону Кирғизистон бинобар ҳамсоя буданашон аз қадим муносибати хуби дӯстона доштанд. То имрӯз ҳамкориҳои бисёрҷонибаи ду кишвари ба ҳам дӯст барои ҷаҳониён ҳамчун намунаи беназири дӯстӣ назаррас мебошад. Вале ҳодисаҳои бади охир, ки доир ба муноқиша оиди Замин ба вуҷуд омада истодааст моро андӯҳгин менамояд.Агар ба таърих чуқуртар назар андозем мо медонем, ки ҳамаи ин заминҳо ба Тоҷикистон таалуқ дошта ба Қирғизистон муваққатан дода шудаанд. Зеро халқи тоҷик аз аввал ба қадри дӯстӣ мерасид ва хост каме бошад ҳам ба ҳамсояи худ ёрӣ намояд.Онҳо низ медонанд, ки дӯстро дар лахзаи вазнин бояд шинохт.

Ҳоло Тоҷикистон бо шарофати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нуфузи худро гум накарда, рӯз аз рӯз гулгулшукуфон шуда истодааст. Бо баробари ин бо ҳамаи давлатҳои абарқудрат муносибати дӯстона дорад ва аз ҷумла бо давлати Қирғизистон, ки бо мо ҳамсоя мебошад. Ҷомеаи кунунии мо аз ҳарвакта дида бештар ба рафоқату ҳамдастӣ ниёз дорад. Дӯстӣ бо мардум олам танҳо саодату хушбахтӣ меорад .Аз ин хотир шинонидани дарахти дӯстӣ савоб буда, решакан кардани ниҳоли душманӣ хуб аст. Мо ба он шахсоне, ки ба замини тоҷикон бо чашми ҳасад нигоҳ мекунанду мехоҳанд онро бо роҳи зӯрӣ бигиранд нафрат дорем.Моро намесазад, ки нисбати чунин беадолатиҳо ба монанди: бар хилофи қарордодҳои дуҷониба оғози сохтмони роҳи «Коктош-Оқсой-Тамдиқ» бо қасди ғасби минтақаи коркарди захираҳои сангу шағали мавзеи наздикии деҳаи Хоҷа Аъло, барангехтани низоъи байнисарҳадӣ, бунёди иншоот дар ҳудуди замини баҳсӣ, монеаофарӣ барои фаъолияти нақлиётҳои мусофиркашон ва шахсӣ, расонидани зарари иқтисодӣ барои шаҳрвандони алоҳида, ки оқибат то ба тирандозӣ оварда мерасонад, бетараф бошем.

Масъалаи сарҳадӣ, тақсимоти ҳудудӣ дар сатҳи муносибатҳои дипломатӣ аз ҷониби роҳбарони кишварҳо ва шахсони ваколатдор ҳаллу фасл карда мешавад.

Барои ҳалли масъалаҳои низоъҳои байнисарҳадӣ, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ бештар ба назар мерасад, омӯзиши амиқ, таҳлилҳои мушаххас, гуфтушуниди ҷонибҳо, таҳаммулгароӣ ва созиш унсури асосӣ маҳсуб меёбад.

Аз ин рӯ, таклиф менамоем, ки шаҳрвандони Қирғизистон дар атрофи масъалаи ҳудудиву марзӣ ба иғвоангезӣ, ошӯбсозӣ, хунрезиву оташзанӣ машғул нашуда мардуми таҳаммулпазиру ваҳдатшиори тоҷикро азият надиҳанд. Ин таклифро кулли сокинони кишвар ҷонибдорӣ менамоянд ва ҳамроҳ ҳастанд. Зери по кардани расми хубӣ шарқиён,ҳаққи ҳамсояро ба ҳаққи Худо баробар надонистан бар зидди фарҳанги ҳар ду миллат баромад менамояд. Аз ин рӯ, ҷонибҳоро зарур аст, ки ба ҷуз аз созиш дигар роҳро пеша нанамоянд.

Устодону кормандони факултети тарбияи ҷисмонӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ