Неругоҳи барқи обии Роғун – заминаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ


Санаи 09 сентябр барои мардуми таҷик фаромӯшнопазир ва таърихӣ ба шумор меравад. Маҳс соли 1991 дар ҳамин сана мо истиқлолияти давлатии худро ба расмияти ҳуқуқӣ даровардем. Боиси ифтихор ва сарбаландии мардуми тоҷик, ки дар рузи таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон агрегати дуюми НБО Роғун бо иштироки Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт, ки ин ҳодиса дар таърихи давлатдории миллии мо бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Чунки ба истифода дода шудани НБО Роғун орзую ормони чандинсолаи халқи мо ба шумор рафта бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ва ҷуръату мардонагии шаҳрвандони Тоҷикистон бунёд гардид. Имрӯз мо бо итминон гуфта метавонем, ки ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат – истиқлолияти энергетикӣ бо пуррагӣ ноил гардидем. Энергияи сабзе, ки дар НБО-ҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Роғунистеҳсол мегарданд, барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ –саноатикунонии кишвар мусоидат намуда, Тоҷикистонро ба давлати пешрафтаи ҷаҳон табдил медиҳад ва барои некӯаҳволии мардум, бунёди корхонаҳои саноатии нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.

Бояд таъкид намуд, ки Тољикистон бо мақеъи љойгиршавии географии худ дар минтақае қарор гирифтааст, ки сарчашмаи ташаккули захираҳои обии минтақа мебошад. Истифода аз ин захираҳо омил ва шарти асосии таъмини рушди иқтисодию иљтимоии давлат ва баланд гардидани мавқеъи сиёсии он ҳам дар сатҳи минтақа ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ мегардад.

Ба истифода дода шудани агрегатҳои якум ва дуюми НБО «Роғун» қадами муҳим ва устувор дар ин роҳ мебошад.

НБО «Роғун» иншооти аҳамияти минтақавӣ дошта мебошад, ки ба воситаи он мо имкони идора намудани захираҳои обии худро пайдо менамоем, ки маҳз ба ҳамин восита мо метавонем, манфиатҳои обӣ-миллии худро ҳифз кунем ва ба давлатҳои дӯсту ҳамсояи худ неруи барқи арзону босифатро содирот намоем.

Рогун нангу номуси миллати тоҷик , қадами устувор барои мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва рушди устувори давлатдории миллии тоҷикон ба шумор меравад.Мо ифтихор менамоем, киҷумҳурии мо сол аз сол зебову шукуфон мегардад, нури Роғун ба ин шукуфоӣ равшании абадӣ мебахшад.

Ҷабборов И.Р., декани факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ