​Ифродгароиву хурофотпарастии ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум менамоем!!!

Ифроту ифротгароӣ падидаи номатлуб буда, ба зӯроварию таҳдид асос гардидааст. Ин аст, ки онҳо ҳама гуна муросо, созиш, музокирот, сулҳро сарфи назар намуда, барои онҳо мафҳумҳои дӯст доштани Ватан – Модар бегона буда, танҳо ноил шудан ба ҳадафҳои нопокашон муҳим аст.

Ифродгароиву хурофотпарасти сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллату давлат танҳо бадбахтӣ меорад ва ба рушду тараққиёти ҷомеъву давлат монеаҳои ҷидди эҷод мекунад. Хусусан пинҳону ошкоро амал намудани хоинони миллати тоҷик ва кӯшиши ҷалби шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро бо истифода аз фазои маҷози ба ҳамагон маълум ва боиси нафрат гардидааст. Аз таърихи хиёнкаткории наҳзатиён дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳамзамон, баъди имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти милли хуб огоҳем, ки ин ташкилоти террористи ҳамеша ба бадандешиву бадниятиро пешаи хеш менамояд.

Масъалаи сиёсикунонии дин дар замони муосир аз зумраи масъалаҳои мубрами низоми сиёсӣ гардидааст. Ҳадафи асосии ҳизбу ҳаракатҳое, ки дорои хусусияти динӣ ҳастанд, низоми давлатдориро бар хилофи дини ислом ҳисобида, яке аз омилҳои паст задани дин ба шумор мераванд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки бархе аз гуруҳҳои ҷинояткор бо роҳи фишору зӯроварӣ мехоҳанд соҳаҳои иқтисодиёт ва арсаи сиёсиро зери назорат бигиранд. Яке аз ин гуна гуруҳҳо ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати ислом буда, баъди шикаст хӯрдан низ боз мехоҳад давлати сулҳу осоиштаи Тоҷикистони азизи моро боз нотинҷ гардонад. Лек тири онҳо чун ҳарвақта хато мехӯрад.

Аслан, мавҷудияти Ҳизби наҳзати исломӣ як омили хатарноке барои мардум ва давлат буд, ки ба пешрафти кишвари мо аз ҳар ҷиҳат монеа эҷод мекард. Баъди аз байн рафтани ин монеа, солҳои охир мо шоҳиди рушди бемайлони соҳаҳои иқтисоду ҳаёти кишварамон гардидаем.

Хушбахтона мо мардуми тоҷик бо сиёсати хирадмандона, ҳисси меҳандӯстиву асолати тоҷикона тавонистем, қомати миллати ба зону кашидаи «худиҳои бегонапарасти фурӯхташуда»-ро рост намоем, пояҳои давлату Ҳукумати миллиро бунёд гузорем ва тоҷикон, дар умум, тамоми қавму миллатҳои сокини Тоҷикистонро муттаҳид намуда, ба онҳо сулҳу субот, тинҷиву осоиштагӣ ва пуриву сериро ба армуғон орем. Ҳизби наҳзати ислом, ки мақсаду маромашон ба нобудӣ кашидани миллати тоҷик буда, ҳамаи ин дастовардҳову пешрафтҳои даврони истиқлолият дар комашон заҳру зақум гардида, онҳоро ноорому безобита мекунад. Аз ин рӯ, онҳо роҳу усулҳои нав ба навро дар расидан ба аҳдофи нопокашон имтиҳон доранд.

Устодони кафедраи информатика ва математикаи ҳисоббарор

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ