«Так жить нельзя» неву так сказать нельзя…

Баъди мутолиаи гузориши мазкур, ки тариқи шабакаи интернетӣ дастрасамон гардид ҳиссиёти аҷибе фарогирамон кард, зеро намедонӣ, қаҳ –қаҳ занӣ ва ё то расидани қувва дод занӣ. Доное, ки андешаву маслиҳату роҳнамоии худро ба забони русӣ ироа намудааст, намедонем, ки чӣ мақсад дораду чӣ мехоҳад? Бечора намедонад, ба кадом самти масъала фикрронӣ намоядукиро раҳнамоӣ. Гоҳ бо таҳлили дахлу харҷи буҷаи далват, гоҳ ба фаъолияти бонкҳо, гоҳ ба мазмуну муҳтавои қонунҳои амалкунанда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, гоҳ ба таҷлили санаҳои таърихӣ амсоли Истиқлолияти давлатӣ, Наврӯз, Ваҳдат, гоҳ ба таҳлили фаъолияти соҳибкорони муваффақ ва ғайраву ва ҳоказои дигар дахолат намуда, бечора шояд аз алам бошад, ки чӣ гуфтанашро намедонад.

Имрӯз мардуми фарҳангиву бомаданияти тоҷик ба ояндаи неку дурахшони хеш қадамҳои устувор монда, ба маслиҳату машварати ягон «хайрхоҳ» ниёз надорад. Иқтисодиёти кишварро иқтисодшиносону таҳлилгарони баландихтисос хуб арзёбӣ намуда, зина ба зина баланд шудани сатҳи зиндагии мардумро пешгӯӣ доранд. Оид ба гузаронидани маросиму тӯю азодорӣ бошад, мардум худашон тарафдорӣ камхарҷ шудани маросимҳои мазкуранд. Омӯзгорону духтурон низ аз баланд шудани музди маош, беҳтар шудани шароити корӣ ризоанду барои босаводиву саломатии мардум ба хизмат омодаанд.

Дар бораи менталилет ҳарф мезананду худашон зиндагии мардуми ғарбро ихтиёр доранд (фарзандонашон ба забони тоҷиқӣ харф намезананд, зиндагӣ дар хориҷаро ихтиёр доранд, маоше, ки дар Тоҷикистон ҳамсолони онҳо мегиранд ханадоваранду гӯё онҳоро «устраивать» намекуна). Дар урфият мегӯянд, ки «аввал гиребони худатро бӯй кун».

Бинобар ин чунин гузоришҳоро метавонанд ҳазорон адад нависанд, вале фоида надорад, зеро чашми дилу ақли мардум кайхо бедор шудаасту, ҳақро аз ботил, сиёхро аз сафед, нағзро аз бад кайҳост, ки фарқ мекунанд. Аз ҷанобони забондону ҳолдону таърихшиносу фарҳангшиносу иқтисодчӣ хоҳиш мекардем, ки аз пайи ободии рӯзгори хеш бошанду ба тарзи зиндагӣ, буҷаи давлат, санахои таърихиву ҷашнҳои миллии мокордор набошанд, шояд ба хизмати психиатр худашон мӯҳтоҷанд, зеро ҳасудчизи бадаст…. Ҷашни Ваҳдатро рӯзи андӯҳ номидед, шояд барои шумоён ҳамин тавр ҳам бошад, чунки ба мақсади хеш нарасидед, лекин барои мардуми тоҷик ин рӯзи деринтизор буд, ҳамагон интизораш буданду имрӯзҳо бо камоли шодиву фараҳ ҷашнаш мегиранд.

Хулоса, ҷанобони «боақл» дигар шуморо касе гӯш намекунад, беҳуда зӯр назанеду куҷое, ки бошед саломат бошед…..

Устодони факултети педагогӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ