Суруди миллӣ ифтихор аз соҳибватании мо
Суруди миллӣ ба дили кас қувват мебахшад. Мисли садои булбули хушилҳон дар тамоми фазои Ватан танинандоз гардида, фаро расидани субҳи содиқи Ватанро ба ҳар як соҳибватан табрик менамояд. Суруди миллӣ тилисмест дар шахс, тилисмест, ки онро аз ҳар гуна офатҳо нигаҳ медорад, ба тани беҷони ў ҷон мебахшад, тамоми қувваи бозуи ўро ҷамъ меоварад. Бо шунидани суруди миллӣ шахс тамоми қувваи бозуи худро ҷамъ меорад, ба пеш мехазад, ҳаркат мекунад то Ватани худро наҷот бахшад. Наҷот бахшад аз тохту тозҳо, наҷот бахшад аз фаноёбӣ, наҷот бахшад аз беҳудагўиҳо. Исбот мекунад, ки Ватани ў дигар аст, зодгоҳи пешравиҳост, зодгоҳи тамаддунҳост, сарчашмаи сулҳу тифоқ, амнияту ҳамкорист. Аз Ватани ў оғоз мегардад сарчашмаи меҳру муҳаббат, адолату шафқат, дўстиву меҳрубониҳо. Ободиҳо, тараққиёти илму техника, ҳамдигар-фаҳмиҳо. Суруди миллӣ мисли дили оташфишони Данкост. Дили шаби торро шикофта ба сўи умеду орзуҳо, ба сўи ояндаи нек, ба сўи сулҳу субот, оромиву осудагӣ роҳ мекушояд, одамонро аз паси худ мебарад, дар гирду атрофии худ муттаҳид месозад, аз як гиребон сар мебароранд, қувваи бузурги созандаву ободкорро тавлид мекунад, иншоотҳои бузурги аср – нерўгоҳи обиву барқии Роғун, Сангтўда, нақби Анзобу Шаҳристон, Шаршару Чормағзак, Роҳи абрешими Душанбе – Бўстон – Чанокро буньёд менамояд. Ҳамаи ин сеҳрест сеҳри Суруди миллӣ. Суруде, ки ифодагари тамоми қувваи созандаву ободкор, пешбарандаву накўкор аст. Муттаҳидкунандаи халқияту миллатҳо, гаҳвораҷунбони дуньё, сарчашмаи хушкнашавандаи рўҳу илҳоми нав ба нав, қувваи тақдирсоз, қувваи пешбаранда, таскинкунандаву ҳидоятгар, қувваи нав ба нав…
Кафедраи умумидонишгоҳии информатика Абдуллоева М