Ҷашни сада дар сарчашмаҳои таърихӣ

Дар Паём ба мероси таърихи тоæикон эътибор дода шудааст. Амали гардидани барномаи давлати “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ваҳунарҳои мардумӣ” пешравиҳо калон аст, дар кишвар омҳзиш ва гузаронидани æашнҳои таърихӣ ба анъана даромадааст. Дар адабиётии классики тоҷик, хусусан дар эҷодиёти Унсурии Балхӣ, Фирдавсӣ, Фаррухии Систонӣ, адиб Собири Термизӣ, Мануҷеҳрии Домғонӣ ва дигарон қасидаҳо, дар асарҳои Наршахӣ, Абу Райҳон Берунӣ, Байҳақӣ, М.С.Андреев, Н.А.Кисляков ва дигарон дар васфи Сада бисёранд.

Роҷеъ ба ҷашни Сада дар асрҳои X – XI, махсусан, дар қасидаҳои шоирони дарбори ғазнавиён, аз қабили Унсурӣ, Фаррухӣ, Мануҷеҳрӣ, Асҷадӣ ва дигарон ишораву тасвирҳои нисбатан бештар ба назар мерасанд. Е.Э.Бертелс дар мақолаи «Ҷашни Сада дар назми форс - тоҷик» қисмати насиби қасидаҳои мадҳиявии шоирони номбурдаро таҳқиқ намуда, мавқеъ ва муносибати шоҳони он давраро ба ҷашни Сада муаҳян кардааст. Ба ақидаи ў,баъзе аз шоҳон Садаро қабул доштанд, аммо бархе дигар аз мулк онро ҳамҷун оҳини бутпарастону ҷодувон ва оташпарастон мешумурданд. Аз ин лиҳоз шоирони дарбор низ мувофиқи қабулу назари ин подшоҳон қасидаҳои мадҳиявӣ мегуфтанд.

Ҳарҷанд ки ин ҷашн ба кеши зардуштӣ хос набудааст, аммо азбаски марбут ба оташ аст ва оташ назди зардуштиён муқаддасу арҷманд аст, имрўзҳо зартуштмазҳабони устонҳои Кирмону Язди Эрон ва умуман зардуштиёни ҷаҳон аз ин ҷашн пазироӣ доранд. Дар шаҳри Кирмон то ба имрўз суннати оммавии садасўзӣ барҷо мондааст. Мардуми ин ҷо якҷанд рўз пеш ба ҷашн омодагӣ мегиранд. ҳезумҳоро бо хару аспҳо ҷамъ оварда кўҳи ҳезумро, ки баландиаш тақрибан 5-6 метр ва қутраш то 12 – 14 мешавад, ба вуҷуд меоранд. Замони гулханафрўзӣ рўзи10 – уми баҳманмоҳ наздик ба ғуруби офтоб мебошад. Мўбад оташеро аз оташкада оварда, гулханро равшан мекунад. Ба ҷашн ҳазорон нафар мардумони гуногунмазҳабу гуногунқавм ҷамъ омада, хурсандӣ мекунанд ва саҳругашти оммавӣ барпо мегардад. Албатта раставу фурўшгоҳҳои саҳёр дар хидмати мардум мешаванд. Фардои он рўз баъзе деҳқонон қадре аз хокистари садасўзиро муқаддасу бобаракат дониста, онро ба заминҳояшон мепошанд. Ин амал поён ёфтани зимистон ва фарорасии баҳорро ифода мекунад.

Ин оҳини мазкур бештар ба гулханафрўзии ҷоршанбесурӣ шабоҳат дорад. Бояд зикр кард, ки дар минтақаҳои гуногуни тоҷикнишини Осиёи Марказӣ маросими ҷоршанбесурӣ ё ҷоршанбеи охирон то ба имрўз маъмул аст, ки бозмондае аз ин ҷашни Сада маҳсуб аст. Мардум дар ҷоршанбеи охирини сол, ё ба ҳисоби дигар, ҷоршанбеи охирини моҳи сафар, пеш аз ҷашни Наврўз гулхан афрўхта аз болояш меҷаҳиданд. Дар ин бора аз рисолаву мақола ва маҷмўаҳои фолклорию этнографӣ ва таърихӣ маълумоти муфассалро паҳдо кардан мумкин аст.

Дар фарҳанги мардуми тоҷик дар қатори дигар бовару эътиқодот ақидаҳои дар бораи Аҷуз ҳамҷун намоди зимистон боғӣ мондаанд, ки намунаи онҳоро мардумшиносону фолклоршиносон мушоҳида ва сабт кардаанд.

Азбаски одамони қадим аз қонунҳо ва ҳодисаҳои табиат бехабар буданд, бино бар ин дар паси ҳар яки он қувваеро ё худоеро тасаввур мекарданд. Дар баъзе минтақаҳо (масалан, Ховалинг, Язғулом) боварҳо дар бораи Оҷуз ё Аҷузкампир боқӣ мондаанд, мардум онҳоро ҳамҷун намоди (образи) сармова зимистони қаҳратунмешумурданд ва бовар доштанд, ки дар аҳёми Наврўз ваҳ мемирад. Дар Язғулом дар ибтидои асри гузашта, мувофиқи маълумоти М.С.Андреев, рўзҳои сарди зимистонаро «кампир дар ғор» меномиданд ва дар фасли баҳор «ваҳ ба маконаш мерад, мўлҷашро – ба мебиёд» мегуфтанд. Инҷунин дар арафаи омадани баҳор ба мазмуни «кампира гиру дар алав парто» ифодае низ ҳаст. Дар робита бо ин мазмун М.С.Андрев мақоли маъруфӣ «ҳут агар ҳутӣ кунад, кампира дар қуттӣ кунад» - ро дар мақолааш зикр намуда, кампирро рамзи зимистон маънидод кардааст. ( 6. 38 - 50).

Дар Яғноб, Масҷоҳи Кўҳӣ, намоди сарморо ба ҷоҳи Оҷуз ё Аҷузкампир Холҷун меномидаанд, ки тибқи мулоҳизаи М.С.Андреев, Оҷуз аз калимаи арабии «оҷиз» гирифта шуда, истилоҳи «кампири Холҷун» нисбатан қадимтари он мебошад. «Аммо дар Яғноб сабаби хунукиҳоро дар он мебинанд, ки ҷисми кампири Холҷунм фавтида гўрнокарда мемонад. ҳамин ки гўраш карданд, гармӣ оғоз меёбад». (Андреев, ҳамон асар, с - 50).

Аз навиштаҳои мардумшиносону муҳаққиқони фолклор бармеояд, ки тасаввурот дар бораи кампири Аҷуз дар минтақаҳои гуногуни тоҷикнишини Осиёи Марказӣ мухталиф будааст. Агар аҳёми Аҷузро дар Бадахшони Тоҷикистон рўзҳои хуб ҳисобанд, пас мардумони ҳисору Яғноб, Искандаркўл ва ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон, инҷунин навоҳии Форишу Китоб – вилояти Қашқадарё ва вилояти Самарқанду Ҷиззак аҳёми Аҷузро наҳс мешумурданд. Масалан, «аҳолии деҳаи Қаротоғ, асосан занҳо дар ҳафт рўзи аҷуз ҷомашўи намекарданд, нохун намегирифтанд ва сар намешустанд. Гўё сар агар шўянд, мўҳҳояшон мерехтааст, ҷомашўҳӣ кунанду нохун гиранд, фалокат таҳдид мекардааст. Мардум рўзҳои аҷузиро наҳсу касофат мешумориданд. Дар замони пеш мардум дар рўзҳои Аҷуз ҷашни арўсӣ ва тўҳихатна намекарданд ва ба сафар намебаромаданд. Тибқиақидаи мардуми тоҷик, Аҷузна ин ки ба одамон, балки ба ҳаҳвонҳои хонагӣ низ зиёнрасон дониста шудааст».

Масалан, ҳамҷунин этнографии машҳури рус Н.А.Кисляков соли 1935 дар деҳаҳои Нурунҷ, Деҳи Баланд, Бедаки Поён, Бедаки Боло, Бедаки Миёна, Қарақутан ва Ҷавҷӣ, ки дар поёеоби дарёи Хингоб ҷоҳгир шудаанд, паҷўҳиши этнографӣ анҷом дода, роҷеъ ба баргузории ҷашни моҳи ҳут низ ишораҳо намудааст. «Мувофиқи ривоятҳои сокинони қишлоқҳои мазкур, ки ба якдигар наздик ҷоҳгир шудаанд, мардуми он ҷо ба ҳамдигар хешу табор мебошанд ва шаҷараи аҷдодии онҳо ба Мулло Наим ном шахси донишманду тақводоре рафта мерасад, ки 400 сол пеш зиндагӣ карда будааст. Ин шахс гўё васият карда будааст, ки ҳамасола дар се рўзи авали моҳи ҳут маросим барпо кунанд. Дар ҳар оила то 100 дона нони ҷапотӣ пухта, ба табақаҳои ҷўбин реза карда, ба он равғани зардро бо дўғ якҷоя намуда, мерехтанд. Ин хўрокро («қуртоб», «равғанҷўшӣ» - ро) бонавбат аз ҳар хонадон ба аловхона, ки дар он ҷо ҳар рўз ҳамдеҳагону баъзе меҳмонон ҷамъ мешуданд, мебурданд. Ҷамъомадагон гулхани нисбат ба ҳаррўза калонтар афрўхта, дар атрофии он ҷоҳ менўшиданд, ғизо мехўрданд. Ингуна нишастҳо дар се рўзи авваи моҳи ҳут барпо мешуданд. (7.113).

Тибқи мушоҳидаи ў, дар баъзе деҳаҳои дигар се рўзи нахустини моҳи ҳут мардум бо навбат таоми равғанҷўшӣ (қуртоб, қуртоба ва ғаҳра) таҳёр карда ба масҷиди деҳа мебурдаанд. Инҷунин баъзе шахсони доро буз ё гўсфандро низ забҳ карда, шўрбо пухта мебурдаанд. Албатта дар он се рўз ба масҷид таом бисёр меомадааст ва як қисми онҳоро баргардонда ба мардум медодаанд. Занҳо низ дар хона ҷамъ шуда ҳутро ҷашн мегирифтаанд.

Бегоҳи ҳар се рўз дар масҷид гулхани ғаҳримуқаррарӣ меафрўхтанд ва дар канорҳои он ҷоҳҷўшро гузошта ҷоҳ меҷўшониданд. Сипас хурсандиҳо шурўъ мешуд: ҳофизҳо суруд мехонданд, навозандагон соз менавохтанд, раққосҳо мерақсиданд, масхарабозҳо рақсҳои хандаовар мекарданд, саҳнаҷаҳои драмавӣ иҷро менамуданд ва ғаҳра. Ба ғаҳр аз инҳо ҷамъшудагон якҷоя сурудеро дар васфи ҳут мехонданд, ки гўё аз тарафи Охуни Мулло Наимтаълиф шуда бошад.

Тасаввурот дар бораи Аҷуз ва ҳут ҳамҷун намоди зимистон ба ақидаҳои хеле қадимаи инсоният, ки дар илм анимизм – зиндаангорӣ меноманд, рафта мерасад. Мардумони қадим дар паси ҳар як ҳодисаи табиат қувваеро тасаввур карда, ба воситаи иҷрои маросимҳо, қурбоникуниҳо бо онҳо як навъ муносибат мекарданд ва аз лутфу марҳамати онҳоро нигарон мешуданд.

Ҳамин тариқ, Сада ҷашни бостонии тоҷикон ва халқҳои шарқ буда, мазмунҳои ҷодуӣ ва асотирӣ дорад ва аз ин лиҳоз дар Шарқи то исломӣ, махсусан дар даврони сосониён, онро аз дини зардуштӣ ҷудо таҷлил менамуданд. Аз ишораҳои шоирони асрҳои Х – Х11 маълум аст, ки Сада дар ин қарнҳо як андоза эҳё гашта, ҳамҷун яке аз ҷашнҳои оммавии дарборию мардумӣ аслан бо мақсади шодию нишот баргузор мешуд. Баъдан, пас аз ҳамлаи муғул ва мониъшуданҳои шоҳони турктабору мутаасибон, ҷашни Сада аз ёдҳову барномаҳо фаромўш гашт. Аммо дар баҳни мардуми заҳматкаш бозмондаҳои он дар шаклҳои гуногун то замони мо расидаанд, ки бо номҳои ҷоршанбесурӣ ва ҷашни ҳут маъруфанд. Оиди иди Сада ба сарҷашмаҳои гуногуни таърихӣ муроҷиат намудем, аммо мавод ва маълумотҳои гуногун мазмун дорад, ки як қисми онро баён кардем. ҳатто ба олимони таърихшинос – профессорон Н.Турсунов, А.Мирбобоев, дотсентон У.Ҷаҳонов, М.Фаҳзуллоев, Х.Тоатов шоиру нависандагон А.Раҳматзод, М.Пўлатов, М.Хўҷазод, М.Субхон, Фарзона, Н.Оташ ва дигарон ҳамсуҳбат шуда, оиди иди Сада бахсу мунозараҳо гузаронидем. Онҳо ақидаҳои дар боло баён шударо тастиқ намуда, фикру ақидаҳояшонро уаҳд кардаанд. Дар асоси баъзе маводҳо иди Сада дар охири моҳи декабр (21-28 декабр) ё ин, ки дар баҳни21 декабр ва 30 январ гузаронида мешавад, ҳар ҳол ба ақидаҳои дар боло баён шуда наздиктар аст. Ҷунки дар ин давр Аҳни ҷиллаи зимистон буда, баъд аз он суст шавии хунуки саҳти он сар мешавад, хатто табиат ҳам мулоҳим шуда, аввалин хабаркашҳои баҳори нозанин – бойҷеҷак аз таги барф сабзида мебарояд.

Хулоса аз ин иборат, ки ҷашни (иди) Сада мероси – иди қадимаи халқи тоҷик буда, тамоми аҳолиро ба орзую ниятҳои нек - сулҳҷўҳи, оромию осоҳиштаги, бародарию баробари, дўстию рафоқат, ҳамдилию бунёдкорӣ, меҳрибонию меҳргони даъват мекунад. Аз ин лиҳоз омўзиш ва тадқиқоти таърих, мазмун ва моҳияти ҷашни Сада давом дорад.

Эркаев Сафар -дотсенти факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ