​Қадамҳои устуворонаву ҷасурона

Муносибатҳои Тоҷикистону Қирщизистон дорои фазои бузурги фарҳангӣ-гуманитарӣ, сарҳади умумӣ ва робитаҳои инкишофёфта дошта, метавонанд рафту омади озоди аҳолӣ ва маҳсулоту хизматрасониҳоро фароҳам оранд.

Мутаассифона имрӯзҳо масъалаҳои муноқишаи назди марзии дар минтақаҳои ноҳияҳои Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бокенти Ҷумҳурии Қирщизистон рух дода, ҳамагонро ба ташвиш овардааст. Мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қирщизистон Сооронбой Ҷээнбеков иқдоми неку наҷиб аст, ки дар самти барқарор намудани муносибатҳои нек, дӯстиву рафоқати байни ду кишвари бо ҳам бародар роҳандозӣ шуд, ки онро аҳли халқи ин ду давлат хуш истиқбол намуданд.

Мо ба хубӣ медонем, ки дӯстии мардуми тоҷику қирщиз таърихи азалӣ дорад. Аз вохӯрии сарони ин ду давлати бо ҳам дӯсту ҳамсоя шоҳиди он гаштем, ки эшон бо маънои томаш башардӯсту соҳиби хиради воло будани худро зоҳир намуданд. Ҳар ду дӯстдору щамхори халқ ҳастандубеҳсозии зисту зиндагии халқи худро мехоҳанд. Ин аст, ки дар вохӯриҳои худ ба хотири идомаи дӯстию ҳамкории халқҳои тоҷику қирщиз қадамҳои устуворонаву ҷасурона гузоштанд.

Боварии комил дорем, ки дӯстии байниҳамдигарии халқҳои тоҷику қирщиз абадан боқӣ мемонад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ