​Ҷавоб ба пешниҳоди таъсиси “Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова”

Мақола таҳти пешниҳоди таъсиси “Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова” мутолиа карда шуд ва боз як бори дигар ба худ боварӣ ҳосил кардем, ки шахсони ин пешниҳодро дастгиринамуда аз пешравиҳои Ҳукумати кишвари Тоҷикистон бехабаранд. Зеро ки Ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсони барӯманди кишварро – ҳам занону ҳам мардонро – мунтазам бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз мегардонанд.

Ғайр аз ин, таваҷҷӯҳ ба ҷалби занон дар корҳои роҳбарикунанда ва баробарҳуқуқии онҳо доимо дар суханрониҳои роҳбари кишвар таъкид мегардад. Як қисми муайяни Паёми навбатии Пешвои миллат оид ба дастовардҳои занони фаъол ва қадршиносӣ кардани онҳо бахшида шуда буд. Дар суханронии Пешвои миллат қайд карда шуд, ки занони фаъоли кишвар саҳми худро дар тарбия ва таълим додани насли наврас ва омода намудани мутахассисони варзида гузошта истодаанд. Бинобар ин, ба ин гуна занҳо аҳсан хонда шуданд. Ин худ суханронӣ дарак аз он медиҳад, ки Ҳукумати кишвар ба шахсони вафодори миллат таваҷҷӯҳи хоса медиҳанд.

Бинобар ин, зарурияти эълон намудани “Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова”-ро пас аз маргаш чӣ зарурат аст? Дар ҳоле, ки боз аз ҷониби хоинони миллат! Шумо ҳама як зарра ҳисси ватандӯстӣ надоред, пас номи шахсиятҳои Тоҷикистонро олуда насозед!

Устодони кафедраи забони олмонии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ