Мардуми хирадманди тоҷик дигар фирефтаи ТЭТ ҲНИ намегарданд!

Оппозитсияи сиёсӣ дар замони муосир бояд баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ташкили фаъолияти босамари мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, таҳкими пояҳои демократияамал намояд. Мутаассифона, ТЭТ ҲНИ имрӯз барои худро гурӯҳи демократихоҳу адолатпарвар нишон додан аз тамоми воситаҳои зиддигуманистӣ ба монанди хоинӣ, маккорӣ, тафриқаандозӣ, авомфиребӣ ва ғайраҳо пурғановат истифода намуда истодааст. Аз ҷониби роҳбари гурӯҳи ТЭТ ҲНИ, ки аз номи поки дини мубини ислом баромад мекунаду онро ба саҳнаи сиёсат мекашад бо истифода аз фарорасии моҳи мубораки рамазон ба амал баровардани даъвати ошкоробарои ташкили эътирозу тазоҳуротҳо, шӯру ошӯбаҳо бар зидии ҳукуматбароям ғайричашмдошт, нафратовар буд. Магар барои ғасби ҳокимият сӯиистифода аз дин роиҷ аст? Чунин ҳолат ба дини ислом доғ намеорад? Барои чӣ бештар мусулмонон баҳри паст кардани имиҷи ислом дар ҷаҳони муосир талошҳо меварзанд?

Моҳи мубораки рамазон, пеш аз ҳама, мардумро ба таҳаммулпазирӣ, шукргузорӣ, омурзишхоҳӣ, аз дил баровардани кинаву адоват, авфи гуноҳҳои наздикону пайвандон, ёрону дӯстон, садақанамоӣ, гирифтани дасти фитодагон даъват менамояд, на ба шӯришу ғавғо, тафриқазосиву балво, ки Муҳиддин Кабирӣ дар ибтидои моҳи омурзиш аз мардум хоста буд. Мо набояд нисбати чунин даъватҳои носолеҳ, ваҳдатшикан, беасосу сӯзандаи тафаккури созанда бетараф бошем. Нафратовар он аст, ки маҳз дар моҳи муқаддаси мусулмонон чунин даъватҳои хоинон бештар садо медиҳад. Агар дақиқтар навиштаҷоту изҳороташонро ба риштаи таҳлил кашем ба чуз аз донаҳои пучидур аз ҳақиқат, орӣ аз воқеият чизи дигаре нест. Улуби баёнашон ҳам ба афсонаву устура шабоҳат дорад.Дар оғози матлаб «Рӯзе духтараке ... (кадом духтарак , кай)», «Чанд сол қабл... (кай ва дар куҷо), «Як нафаре... (кӣ буданаш номаълум)» истифода шуда, баъдан бофтаҳои дурӯғу бебурҳони бешумор паси ҳам оварда шудааст. Барои чунин қиссаофарӣ хонандаи синфи 5-и мактаби миёна низ қодир аст.

Бар замми ин тафриқасозон ба хубӣ дарк намуданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» дар таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ, таъмини ягонагиву ҳамдилии сокинони тамоми гушаву канорҳои кишвар таъсири бузург дорад. Вобаста ба ин тасмим гирифтанд, барои бекор кардани қонуни мазкур талошҳо варзанд. Ин аст ҳадафи имрӯзаи онҳо, яъне дар моҳи муборак мардумро ба вартаи исрофкориву худнамоӣ, худситоиву қарзҷӯи кашидан.

Новобаста аз ин, мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки ин навбат ҳам мардум мардуми заковатманди кишвар фирефтаи хиллаҳои душманони ваҳдати миллӣ намегарданд.

Озодандеш

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ