​Халқи тоҷик ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат аст

Барои боз ҳам беҳтар нигоҳ доштани бехатарии давлат ва аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб эмин доштани халқ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамешагӣ кўшиш менамоянд.

Пешвои муаззами миллат дар ҳар сафарҳои расмӣ ва ё кории худ ба мамоликҳои дуру наздик барои густариши муносибатҳои байналхалқӣ пайваста кўшиш менамоянд. Акнун имрўз вакте, ки Президент барои боз ҳам густариш додани сиёсати хориҷӣ ба давлатҳои Аврупо сафар карда истодаанд, гурўҳишахсиятҳо гапҳои беасосу бардурўғи худро сўи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат равона месозанд ва дар зери қаноти аврупоиён истода , эътирози беасоси худро баён намуданӣ ҳастанд.

Онҳо магар аз хотир баровардаанд, ки он инсони муаззаме , ки нисбати вай онҳо эътирозҳои беасосу бардурўғихудро дар давлати бегона баён карданӣ ҳастанд, Сарвари ватани онҳо, яъне зодгоҳи онҳо аст. Дар як давлати Аврупо зиндагӣ карда истодаанд, ба онҳо ҳеҷ кас халал нарасонидааст. Онҳое, ки аздастовардҳои имрўзаи Ватани худ бохабар нестанд ва агар бархурдор бошанд ҳам ба ин бо назари нек нигоҳ карда наметавонанд. Онҳо ҳатто тасаввур карда ҳам наметавонанд, ки Тоҷикистон бо Сарварии Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ қадар мушкилиҳоро паси сар кардааст ба дастовардҳои бузург мушарраф гаштааст.

Халқи шарафманди тоҷик азимрўзазиндагии худ қаноатманд мебошад. Халқи тоҷик ва махсусан ҷавонон ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд ва барои дастгирӣ кардани он пайваста кўшиш менамоянд. Ҳисси ватандўстиву худшиносӣ, масъулиятшиносиву ватанпарастӣ дар дилу хуни ҳар як шаҳрванди бонангу номуси тоҷик рўз аз рўз афзуда истодааст, ки ҳамаи ин аз истиқлолияту ваҳдату ягонагӣ буда, миллати тоҷик баҳамаи ин дастовардҳо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гардидааст.

Халқи сарбаланди тоҷик аз Президенти худ Эмомалӣ Раҳмон ифтихор дорад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ