Макри навбатии ҳасудони мансаб
Муҳаммадиқболи Садриддин дар шабакаи иҷтимоии фейсбук маводеро таҳти унвони «Нуҳ ҳодиса ё чолишҳои муҳиму хотирмони соли 2018» ҷойгир намудаст, ки дар он фаъолияти солонаи муттаҳидаи хоинони миллату душманони давлат натиҷабардорӣ шудааст.Мавод тарзе таҳия шудааст, ки гӯё фаъолияти ин разилон ба манфиати халқ ва ободии кишвар нигаронида шуда бошад. Воқеан, бо ибрози «барои шиносонидани чеҳраи аслии режими саркубгар» оғоз кардани матлаб нишон медиҳад, ки навиштаҷоти мазкур, пеш аз ҳама, ба гумроҳ сохтани мардум, заҳролуд кардани мафкураҳо, пурташаннуҷ кардани фазои ороми сиёсӣ нигаронида шуда, аз макри навбатии ҳасудони мансаб шаҳодат медиҳад. Зикри «Соли 2018 дар худ чунин вижагиҳое дошт, ки қадамҳои муборизонро устувортар ва пояҳои режимро мутазилзилтар кард» нишон медиҳад, ки муборизони ҳокимият фаъолияти хешро боз ҳам қавитар мегардонанду, афкору аъмоли хому дуруғин ва беамони хешро бештар бар сари мардум таҳмил месозанд. Ин мақсадро низ муаллиф поёнтар ошкоро баён доштааст: «Ин далолат аз пешрафти мухолифини сиёсии кишвар мекунад». Яъне тавонистаанд то бархе аз авомро ба суи худ гумроҳ созанд.
Душманони ваҳдат бо якчанд дастоварди хеш соли 2018-ро барояшон соли бобарор унвон карданд, ки бархе аз онҳоро манзуратон мегардонем:
Якум, ташкили ҳамоиш дар Дортманд ба муносибати 21-умин солгарди баимзорасии созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ. Дар ин ҳамоиш муттаҳид сохтани тамоми хоинони Тоҷикистон ва бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намудани оғози муқовимат бо сулҳ, амалиётҳо бар зидди амнияти миллӣ сурат гирифт. Тарҳреизии барномаҳо бар зидди ваҳдати миллӣ, баҳри заиф сохтани пояҳои давлатдорӣ, пароканданамоии миллат дар рӯзи Ваҳдат, разиливу пастфитратии хиёнаткоронро ошкор мегардонад.
Дуюм, ташкили Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон. Аслан бо чунин номи иғвоангезанда таъсиси кумита ҳамчун кафолат ба гумроҳшудагон,дар ниҳоди худ ҳадафи афзун кардани ватанфурушонро дорад. Фаъолияти солонаи ин кумита нишон дод, ки он ҳам на ба манфиати халқ, балки барои ба чашми мардум хок пошидан нигаронида шудааст. Ба ҷуз аз бемории набераи Кабирӣ Ҳамза пиари сиёсӣ кардану дар дили мардум нисбат ба хоинон раҳму шафқатро бедор сохтан, худро нотавону оҷиз нишон додан дигар чизе нест. Ин дар ҳолест, ки аз пешрафт ва устувории хеш садо баланд менамоянд.
Сеюм, дар Рӯзи истиқлолияти давлатӣ 9-уми сентябр муттаҳидсозии созмонҳои зиддиҳукуматии Тоҷикистон ва таъсиси Паймони миллӣ, ки дар ниҳоди хеш ҳадафи барангехтани низоъҳои зиддимиллиро дорад.
Истиқлолият туҳфаи бебаҳои тақдир аст, ки мо бояд онро бо баҳои ҷони хеш бошад ҳам, ҳимоя намоем. На ин ки ба хоинӣ, ватанфурушӣ машғул шуда, манфиатҳои хоҷагони хориҷии хешро дар дохили кишвар пиёда созем. Бетарафӣ нисбати чунин муносибат башарафӣ маҳсуб меёбад. Бинобар ин аз рисолати шаҳрвандии хеш пиндоштем, то чунин амали маккоронро маҳкум созем. Бас аст, таҳти сарпарастии аҷнабиён фирефтаи молу амволи дунё гашта, теша ба решаи ваҳдати миллӣ задан.
Чорум, ширкат дар ҳамоиши САҲА дар Варшава ва ба ин васила кӯшиши Тоҷикистонро ҳамчун давлати қашшоқу мардумаш беҳуқуқ нишон додан ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ паст карданро пеша намудан. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳар амали хоинон бар хилофи гуфтаҳояшон аст. Суоле ба миён меояд, ки иттиҳоди мухолифин, ҳизбҳои сиёсӣ дар ин ё он кишвар барои чӣ амал мекунад? Пеш аз ҳама баҳри ғасби ҳокимият. Пас, Паймони миллӣ низ муттаҳидаи ҳокимиятхоҳ аст, ки дар роҳи муборизаи хеш ҳатто омода аст, то номи Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ паст созад. Бинобар ин мо бояд бо зиракманишиву хирадпешагии худ аз ин гуруҳи разилон эмин бошем.
Мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ