Соҳиби қалби ятимпарвар…
Мо - мардуми кишварборҳо дидем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳои кориашон ба минтақаҳои гуногуни кишвар аз аҳволи ятимон,Хонаи бачагону маъюбон дидан мекунанд. Бо ин гуна одамон алоҳида суҳбату вохўриҳо менамоянд. Ба онҳо сару либос, ашёҳои мактабӣ тўҳфа менамоянд. Хони пурнозу неъмат густурда,табъи онҳоро болида мегардонанд. Ин аз инсондўстӣ,халқпарварӣ ва дилсўзии Ҷаноби Олӣ дарак медиҳад. Худои бахшандаю меҳрубон ба Эмомалӣ Раҳмон қалби пурмеҳру шафқат,дили раҳмхўру нармро ато кардааст…
Ҳамин инсонпарвии он кас сабаб шуд, ки чандин ҷинояткорони сангдилу бераҳм низ борҳо авф карда шуданд. Албатта, ҳамаи ин амалҳои нек дар дили одамон абадӣ мемонад, дар саҳифаҳои таърих бо хатти зарҳалӣ сабт мешавад. Президенти мо аз рўи панди «Некӣ куну ба дарё андоз» амал карда, ба дигарон ба ин ҷабҳа намуна гаштаанд.
Боз 80 нафар кўдак аз Давлати исломии Ироқу Шом ба Тоҷикистон оваронда мешаванд. Онҳоро ятим гуфтан месазад,чунки падару модаронашон фирефтаи найрангҳои наҳзатиён гашта,дар мулки бегона ҳалок гаштаанд ё аз баҳри фарзанди худ баромадаанд.Акнун давлат онҳоро парвариш мекунад,таълиму тарбия медиҳад. Ё баъзе оилаҳо онҳоро ба фарзандхонӣ қабул мекунанд…
Шоири бузурги мо Шайх Саъдии Шерозӣ дар як байташ мегўяд:
Чу бинӣ,ки ятиме сар афканда пеш,
Мазан бўса ба рўи фарзанди хеш…
Ҳар як одам бояд ятимпарвар, халқпарвар ва раҳмдилу бошафқат бошад.Охир,ин гуна кўдакон ташнаи меҳру навозиш,ташнаи парастиш ва ёрию ғамхорӣ мебошанд. Касе,ки дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ мекунад, аҷру савобаш аз тарафи Яздони пок пардохта мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳам садҳо маротиба чунин амали некро анҷом додаанд,ки шўҳрату шонашон торафт афзуда,ба туфайли заҳматҳои неки он кас обрўю нуфузи Тоҷикистон низ бештар гашта истодааст.Мо ин амали неки Сарварамонро фаҳмида,хело шод гаштем ва дар ҳаққашон аз номи шоир дуои нек мекунем:
Дастам ба дуо гирам,
Зи домони Худо гирам:
-Имрўз зи дирўзият
Хуш бошию хуш бошӣ…
Илоҳо, дигар кўдакону фарзандон ба мулки ғарибӣ наафтанд ва дучори азобу машаққат нагарданд.
Гуруҳи эҷодии рўзномаи донишгоҳии «Нури маърифат»-и ДДХ