Нокаси риёкор!!!
Дар расонаҳои хабарӣ маводҳои гуногун оид ба ҷаласаи САҲА дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон ва иштироки намояндагони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидаанд. Инчунин, нисбати иштироки нафарони хиёнаткори Ватан, яъне ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби наҳзати ислом ва ба ном Паймони миллӣ дар ин ҷаласа маълумотҳои гуногун дар сомонаи Фейсбук ҷой дода шудаанд. Шиносоӣ бо ин маводҳо боиси афзудани ғазаб ва ҳамчунин нафрати беандоза бар зидди дасисабозону иғвогарон мегардад. Масалан, мансабхоҳе бо номи Илҳом Ёқубов, ки чаласаводиаш аз гуфтаҳояш маълум аст, худро чун раиси Созмони муҳоҷирони тоҷик дар Аврупо муаррифӣ намуда ба амали пасти хӯрдагирӣ нисбати давлату миллати хеш дар байни миллату халқиятҳои бегона худро чун саги безанҷири беимон нишон медиҳад. Зеро, дар ҷаласаи САҲА ин нобакор бо забони русӣ баромад намудааст, ки аз ноустувории имони мусулмониаш шаҳодат медиҳад. Худ қазоват кунед, ки нафаре дур аз Ватан бо фурӯши виҷдони хеш машғул асту чӣ тавр тавонистааст, ба даргоҳи САҲА ворид гардад ва баромадҳои риёкорона кунад. Эроди ӯ нисбати раванди интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон васвасаи фитнаангез асту аз рӯирост дурӯғгӯӣ ва риёкории ӯ дарак медиҳад. Зеро, ӯ дар баромади худ чандинкарата қайд мекунад, ки интихобот дар Тоҷикистон шаффоф несту рӯихати вакилони ҳама сатҳ дар утоқҳои кории роҳбарон муайян карда мешавад. Ин иблис аз хотир фаромӯш кардааст, ки замоне ӯ ҳамчун номзад ба вакилӣ ба қайд гирифташуда озодона аз ҳуқуқҳои шаҳрвандиаш истифода менамуд ва ба тарғибу ташвиқи ҳарзаҳои ҳизбиёнааш машғул буд. Ҳатто, равоншод Саид Абдулло Нурӣ – роҳбари ҳамондавраи ҳизби наҳзати ислом эътироф карда буд, ки интихоботи вакилон солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шаффофу ором гузаштаасту мардум озодона вакилони арзандаи худро интихоб кардаанд. Ҳизби наҳзати ислом, ҳамагӣ қариб 2% овоз гирифтаасту нишонаи мақоми ӯ дар байни халқ аст.
Дар ин асос ба Илҳом Ёқубов ва ҳамаслакони ватангадову хиёнатпеша муроҷиат мекунам, ки аз андешаҳои бебунёди худ канор ҷӯянд ва агар дар ботинашон каме бошад, ҳам ҳисси муҳаббат ба Ватан мавҷуд бошад беҳтараш ҳаёти худро дар ғарибӣ нагузаронида ба кишвари ободу сарсабзи Тоҷикистон баргарданд ва худро бо меҳнати ҳалолу шоиста нишон диҳанд. Вагарна чун саги палиди нобакор фирефтаи молу маблағи хоҷагони хориҷӣ гашта дар ғарибӣ хору зор ва ташнаи обу хоки Ватан мешаванд.
Мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент Собиров М.С.