​Аз дурӯғҳои “озодӣ”, то ҳақиқат дар Тоҷикистон

Дар замони муосири ҷаҳонишавии босуръати ҳамаи соҳаҳо, зуҳур намудани падидаҳои гуногун дар қарни нав, мо ба хотири оромиву осудаҳолӣ муваззафем, ки амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ, зиндагии шоиста ва устувории пояҳои давлатдории миллиамонро пурра таъмин карда тавонем, ки барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва худогоҳиву масъулиятшиносии миллӣ пайваста саъю талош варзем ва кӯшиш намоем. Зеро арзишҳои миллӣ ва умумибаширии диниамон барои рушди давлатамон хизмат намоянд ҳамон вақт ба ҳаёти маънавии мо ранги тоза мебахшанд, на ин ки миёни мардум шӯрандозӣ мекунанд.

Мо танҳо ҳамон вақт муваффақ гашта метавонем, ки маърифати сиёсии баланд дошта бошем ва миллату давлати хешро аз ғаразгӯиҳои бегонагон эмин дорем.

Дар ҳақиқат баъзе аз сомонаҳои хусусӣ барои нафароне фазои мусоиди иттилоотию ахборотии бархе аз мухолифони миллатро фароҳам меоварад, ки бобати миллати мо ҳар чи хостанд гуфтанду туӯҳмат заданд. Маврид ба зикри хос аст, ки замоне радиои Озодӣ дар миллати мо тавре фаъолият мекарданд, ки хоҷагони хориҷиашон мефармуданд, яъне аз рӯи чаҳорчӯбаи қонуни онҳо намебароманд. Хоҳ хабари иғвоангез бошад, хоҳ дурӯғу бӯҳтонангез.Вале рӯзе фаро расид ва нафаре барои пешбурди ин сомона кор карду барои нигоштани маводҳои ҳақиқӣ пардохт. Маълум шуд, ки ин ранг иваз намудани фаъолияти сомона аз нигоҳи бархе “ҳақиқатпарастон” хуш пазируфта нашуд. Тасмим намуданд, ки бояд роҳбар нав шавад ва амру фармонҳои худхоҳону худпарстон боз дубора рӯи кор ояд. Бо вуҷуди ин, ки расонаҳои ахбороти ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар замони муосир барои дарёфти маълумотҳои ҷадид муҳим бошад ва истифодабарандагонаш зиёнд бошанд, ҳам бояд донист, ки чи нашр карданду чи ттарғиботи дурӯғин ба мо фарқ надорад. Зеро мо аз ин эродҳое, ки онҳо гирифтаанд, ҳеҷ гинакунӣ надорем ва ташфиқотҳои онҳоро низ ҷонибдорӣ намекунем. Ба он хотир, ки чунин сомонаҳоро аллакай нохалафон барои худ минбари розҳои худ кардаанд ва онро ба як шабакаи тарғиботи ифртиҷои мубаддал сохтаа буданд. Ҳамон вақте, ки Соҷидаи Мирзо аз ҳақиқати ҳол дар Тоҷикистон сухан кард, зуд азм карданд, ки бояд нафаре роҳбар бошад, ки барои манфиати манфиатҷӯёну худхоҳон кор кунад. Бори дигар қайд менамоям, ки азбаски ин сомона ба Амрико тааллуқ дорад ва аз ҷониби дигар он побанди ТЭТ ҲНИ аст, пурра аз рӯи фармонҳои онҳо фаъолият мекунад. Бояд донист, ки чунин тарзи иттилооте, ки пур аз тӯҳмат ва кинаҷӯию бадбиниҳо ва барангехтани дасисаҳо дар миёни марджум аст, инро аминам, ки миллати тоҷик намепазиранд. Зеро аз рӯи чунин иттилооту ахборотҳои ғаразона мардуми тоҷик дар пешорӯи худ ҷанги хунину фаромӯшнашуданиеро паси сар кардааст.

Мутаасифона дар байни мардуми тоҷик нафароне ангуштшумор бошанд ҳам, ёфт мегарданд, ки ба ҳангомаҳои онҳо дода шуда, паи ҳамин дурӯғу туҳмат мераванд. Агар Радиои Озодӣ ба хотири ҳақиқати ҳол амал кунад дар баробари камбудӣҳои миллати мо дастовардҳои бузурги миллатро низ то имрӯз инъикос менамуд. Вале ин манфиатхоҳону худпарастон ба хотири побанди пулу моли бегонагон ҳамаи дастовардҳои муҳиму таърихии миллати моро баракс вонамуд месозанд. Ва камбудиҳои ночизеро бар фаъолияти давлату Ҳукумат нисбат медиҳанд, ки ин кллан иштибоҳи маҳси онҳост. Зеро имруз тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазъи зиндагонии осудаҳолонаи хеш розианду барои аз ин беш гаштани ободии кишварамон талош менамоянд. Ҳамаи ин аз ҳисси баланди худогоҳии миллӣ доштани эшон аст.

Инъом Ҳомидов, устоди кафедраи иқтисодиёти ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ