​​Мо ҳамкории ҳизби наҳзати ислом-ро бо созмонҳои террористии шарқи наздик маҳкум менамоем

Бояд қайд намоем, ки имрӯз ҳамагон бояд зиракии сиёсиро дошта бошанд ва барои инкишоф ва пиёда сохтани оромиву сулҳу субот заминаи мусоид фароҳам оваранд.Вақтҳо охир бисёре аз ҷавононе, ки дар кишвари берун истиқомат дошта, фирефтаи суханҳои душманони миллат гаштаву, ҳамеша беандешаву бешуурона суханҳои ба сарашон омадаро изҳор менамоянд, бояд донанд, ки тири онҳо хок хоҳадхурд. Мо ба ин эътимоди комил дорем. Чун дигарон рӯзе пушаймон мешаванд. Якчанд гирдиҳамоиҳое, ки берун аз кишвар сурат мегирад ва танҳо нодида гирифтани рушди имрӯзаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аксари онҳо шахсоне ба ҳисоб мераванд, ки бе меҳнату машаққат рӯз гузаронанду ба ҳар гуна ҳизбҳову ҳаракатҳо шомил бошанду муфт рӯз гузаронанд. Ватандӯст дар асл ватани худашро обод мекунад ва барои пешравии кишвараш кӯшишу ғайрат менамояд. Дар ҷаҳони муосир, мутассифона тамоюли афзоиш ва густариши набарди мафкуравӣ, қатъи назар аз муборизаи якҷояву фаъолонаи кишварҳои гуногуни олам алайҳи терроризми байналхалқӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ дар тамоми қаламрави Шарқи Наздик ва Евросиёи Марказӣ мушоҳида мегардад. Ҳол он ки мардумони солимақлу соҳибмаърифати манотиқи гуногуни дунё барои идомаи ҳаёти насли бани башар, ободонии кишвари худ, офаридани арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва иҷрои амалҳои судманду зарурӣ умр ба сар мебаранд, на барои муноқишаву хусумат ва пархошу талошҳои бемаънӣ. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ ҳамеша дар суханрониҳои худ ба шаҳрвандони кишвар, ҷавонон ва волидайни онҳо ҳодисаҳои мудҳишу фоҷиабори гузаштаро ёдрас менамоянд, ки бар асари онҳо даҳҳо ҳазор мардумони бегуноҳ ҷони худро аз даст доданд, муассисаву иншоотҳо харобу валангор гардиданд. Тоҷикистон, мувофиқи маълумоти мавҷуда, ба маблағи зиёда аз шаш миллиард доллар зарари моддӣ дид, пешрафти мамлакат қариб бист-сӣ сол ба ақиб рафт, ки чунин талафот ва зарар ҳатто дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дида нашуда буд. Оқибати аз ҳама вазнини ҷанги шаҳрвандии бародаркуш бохти ҳаёти зиёда аз 100 ҳазор нафар одамон, боқӣ мондани 60 ҳазор кӯдакони ятим мебошад. Мутаассифона, имрӯзҳо низтамоюли хатарнок ва таҳдидкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ афзудан ва густариши фаъолияти ташкилотҳои эктремистӣ мебошад. Дар ин маврид ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки қувваҳои иртиҷоӣ ҳаргиз ба мақсад намерасанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ