​Ноқобилони даҳр ба мақсад намерасанд...

Бо баробари ба Ватан ва ҳаёти осоишта баргаштани муовини раиси Паймони миллӣ – Шарофиддин Гадоев душманони миллати тоҷик бо роҳбарии раиси ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ, ки айни замон худро роҳбари Паёмони миллӣ эълон доштааст ба таҳлука афтода, ҳамарӯза тариқи расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоии тафриқаангезашон ба Тоҷикистон бо хоҳиши худ баргаштани Шарофиддин Гадоевро муҳокима намуда истодаанд.

Ҳамагон хуб огаҳӣ дорем, ки аз рӯзҳои таъсисёбӣ то имрӯз ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом мардумро ба гурмоҳӣ кашонида, барои бо дастони худ оташ задани хонадон мардум ва бахусус ҷавононро талқин менамуд.

Имрӯзҳо низ роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо видеомуроҷиатҳои худ сухан ронда мехоҳад ҷавононро ба доми фиреби худ кашонад. Аммо кирдори ин ноқобилон ҳамеша мавриди маҳкумият қарор мегирад. Чуноне шоир мефармояд:

Ноқобилони даҳр ба мақсад намерасанд,

Дунё ҳамеша дар талаби марди қобил аст.

Бояд Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш донанд, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанро, ки аз меваҳои шаҳдбори сулҳу субот ва истиқлолу ваҳдати миллӣ чашидаанд дигар гумроҳ наметавон кард, зеро мо ҷавонон пайравони асил ва номбардори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будем, ҳастем ва хоҳем монд.


Изoороти Сатторова Ф., Алимбоева Н., омӯзгорони кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ