​Изҳороти сармуаллими кафедраи таърихи умумӣ Ҳусенов Фаррух

Чи тавре, ки дар сомонаи president.tj 30-уми апрели соли равон маълумот ҷойгир гардидааст, бо ташаббус ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонидани ҳамаи кудакон ва ноболиғон – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшудаи худ ҷиҳати пайвастан ба сафи ДИИШ ва дигар нерӯҳои террористию экстремистӣ вориди сарзамини Ироқ шудаанд, мавриди пайгирии ҷиддии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт қарор дорад.

Муттаассифона, шаҳрвандони гумроҳи мо, барои иштирок дар ҷанги шаҳрвандии давлатҳои бо мо дўст, лекин садҳо км дур аз сарҳади Ватанамон – Ироқ ва Сурия рафта, баҳри ҳифзи ғояҳои экстремистӣ худ, оила, фарзандон ва авлоди худро зери хатар монда, дар он иштирок намуданд. Дар натиҷа садҳо нафар тоҷикистониён ба ҳалокат расида, оила ва фарзандони онҳо сарсону саргардон шудаанд.

Чи тавре, ки муайян шудааст, дар маҳбасҳо, зиндонҳо, боздоштгоҳҳо ва марказҳои нигаҳдории ноболиғон дар Ироқ 43 нафар зан ва 95 нафар тифл аз шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд ва дар миёни онҳо тифлони хурдсоле низ ҳастанд, ки дар ин кишвари арабӣ таваллуд шудаанд.

Бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз рўзҳои аввали оғоз ёфтани ҷанг дар Ироқ ва Сурия, яъне аз соли 2011 бо мақсади эъмин нигоҳ доштани шаҳрвандонамон як зумраи онҳо аз хориҷа ба Ватан баргардонида шуда буданд. Муттаассифона, баъзе аз шаҳрвандони мо таклифи сарвари давлатро мадди назар намуда, ба Ватан бар нагаштанд. Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари давлат ва кафили ҳуқуқу ўҳдадориҳои инсон ва шаҳрванд бо иқдомҳои худ ҳамватанони моро дар куҷое ки набошанд ҳифз хоҳанд кард.

Ҳамин тариқ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷии Ироқ ва Кувайт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ироқ, ташкилоти ЮНИСЕФ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ рӯзи 30 апрели соли равон 84 нафар кӯдакон тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ