Партави некон нагирад он ки бунёдаш бад аст...
Имрӯзҳо халқи шарафманди тоҷик ифтихорманд аз он аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати пешгирифтаи худ дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти халқ на танҳо дар миқёси кишвар, ҳамчунин, дар миқёси ҷаҳонӣ дар ҳалли бисёр масоили глобалӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Мардуми Тоҷикистон ҳамвора кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки сиёсати пешгирифтаи Президенти худро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои пиёда кардани раҳнамоиву дастуроти сарвари хеш чораҳои зарурӣ андешад.
Аммо, мутаассифона, то ҳол ашхосе, мисли Илҳом Ёқубов пайдо мешаванд, ки ин ҳама дастовардҳову комёбиҳои Ватани худро нодида мегиранд, ҳамарӯза роҳҳои шикаст додани муваффақиятҳои нав ба нави Тоҷикистони азизи моро ҷустуҷӯ менамоянд, Сарвари хирадманду сулҳовар ва тараққихоҳу созандаи онро бо беҳудагӯиву жожхоӣ сиёҳ карданӣ мешаванд. Онҳо афроде ҳастанд, киба қадри нону намаки Ватан – Модар намерасанд, қадри обу хоки Ватанро намедонанд, меҳру муҳаббати хешу пайвандон ва ҳамдиёрони худро пешпо мезананд. Дар зоҳир худро ғамхори халқу шукуфоии Ватан нишон медиҳанд, бо суханҳои болдори хеш аз дилсӯзиву ғамхорӣ нисбат ба Ватану бошандагони он ҳадс мезананд, вале, ҳайҳот, сиришташон пур аз макру фиреб аст ва танҳо барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ кӯшо ҳастанду бас. Кас ба ҳайрат мемонад, ки оё онҳоро ҳам модари тоҷик назодааст, шири сафеду меҳру садоқаташро нисор накардааст, бо сад ҳазор орзуву умед парваришашон нанамудааст…? Бале, онҳо фарзандони модари тоҷиканд, ки модаронашон бо аллаҳои ширину саршор аз орзуву омоли нек ба воя расонидаанд… Бубинед, ки андак пули муфту бедардимиёни хоҷагони хориҷиашон он ҳама меҳру муҳаббати беандозаро барҳам задаву эшонро ба хоинони Ватан табдил дода. Беҳуда Шайх Саъдӣ дар «Гулистон» нафармуда:
Партави некон нагирад он ки бунёдаш бад даст,
Тарбият ноаҳлро чун гирдакон дар гунбад аст.
Аъзоёни маҳфили «Нерӯи сухан»-и
ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров