Роғун манбаи нуру зиё
aОн рӯз дер нест, ки дар партави нури Роғун Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини тоҷикон ҷилои тоза хоҳад гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣмасъалаи бунёди Роғунро ба миён гузошту ин иқдоми хайр аз тарафи халқи заҳматқарину меҳнаткаши тоҷик, ки ориёинажод буда, доимо баҳри ободиву накӯкорӣ, равшаниву нурафшонӣ бар зидди вайрониву валангорӣ, зулмоту торикӣ мубориза мебарад, бо самимияти хоса пазируфта гардида, Роғун ба майдони корнамоӣ табдил ёфт.
Таърих гувоҳ асту борҳо ин қаламкаши нотакрор собит намуда, ки халқи бонангу номуси тоҷик сохтаасту насӯхтааст, бахшидаасту наталбидааст, авф намудаву қасд накардааст. Ин аст, ки бо ибтикору сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонва азму иродаи мардуми Фарҳодбозуитоҷик, аз оғози созмони ин Кохи нур фурсати зиёд сипарӣ нагардида бошад, ҳам, аллакай корҳои зиёд ба анҷом расонида шуда, хушбахтона, бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ агрегати навбатии ин Кохи нур ба истифода дода шуд. Ҳангоми тамошои ин манзараи фараҳбахш дар сувари хаёлотам Пешвои миллат ҷилвапардозӣ намуданд, ки ба сари чанбараки нақлиётикалонҳаҷм нишаста,пеши роҳи обро баста буданд. Ин иқдом бори дигар аз ҷоннисориву мардумпарварии Пешвои миллат мужда дод, зеро таърих подшоҳеро ёд надорад, ки худ хоку сангротоза намуда баҳри ободии халқаш дар баробари сохтумончиён заҳмат кашида бошад.
Эй кош, имрӯз Абдураҳмони Ҷомӣ пайдо мешуду Искандари афсонавиашро дар симои ин марди наҷиб дида лаззат мебурд.
Ман ҳамчун як нафар омӯзгори оддӣ, ҳангоми тамошои ин манзара ашки шодӣ мерехтаму ба арвоҳи волидайни Ҷаноби олӣ дуо мекардамва беихтиёр байтҳои шоир дар сувари хаёлотам ҷилвапардозӣ менамуданд:
Бахти некат ба миннатҳои умед,
Бирасоноду чашми бад мерасод.
Офарини Худой бар падаре,
Ки ту парварду модаре, ки ту зод!
Духтарчаи хурдакакам бошадзери лаб ин байтҳоро замзама менамуд;
Эмомалии Раҳмон, аз туст бахти миллат,
Сад сол зинда бошӣ, болои тахти миллат!
Ҷӯраева Сарвиноз Бобоқуловна Мудири кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров