Дурӯғҳои ошкорои Кимёи саодат
Ба ҳамагон маълум аст, ки сафари Сарвари давлатамон дар кишварҳои Аврупо дар сатҳи олӣ доир гардидааст ва натиҷаҳои хуберо ҳам ба бор овардааст. Ба хусус дар кишвари Фаронса, ки як гурӯҳ аз беномусони миллат, ки худро мухолифини тоҷик ном гирифта дар кишварҳои авруполи сарпаноҳ ёфтаанд ва дар асл ҳамон наҳзатиҳои беимон ҳастанд, то оғози сафар ва дар ҷараёни он фолбиниҳои зиёд намуда, орзӯ мекарданд ва ҳатто толош варзиданд, ки ба ин чорабинӣ халал ворид намоянд. Аммо онҳо ба мақсадҳои нопоки худ нарасиданд. Сафари Сарвари давлатамон дар сатҳи олӣ баргузор гардид. Президенти кишварамон бо ашхоси бонуфузи ин кишвар ва ҷаҳон вохӯрӣ намуд. Як қатор санадҳои ҳамкорӣ, ки хонандагони гиромӣ аз тариқи ВАО огоҳӣ доранд ба имзо расидаанд. Аммо мақсад аз навиштани ин сатрҳо дар он аст, ки бо ном мухолифини тоҷик, ки ҳамон наҳзатиҳо ҳастанд то ба ҳол нафаҳмидаанд, ки ин амалҳои ноҷавонмардонаашон оқибат надорад. Беҳтар он аст, ки бо марудми шарифи Тоҷикистон мепайвастанд ва ба Ватан бармегаштанд. Кимёи саодат, ки тариқи он таблиғоти дурӯғин ва мардумфиребонаи наҳзатиҳо нашр мегардад, дидаю дониста, худро ба нодониву нофаҳмӣ андохта (шояд аз ноилоҷӣ бошад) мақолаеро бо номи “Ҳошияҳои сафари Раҳмон ба Урупо” нашр намуда ва чуноне, ки гуфтем ноҷавонмардона ҳақиқати аслиро дарҷ накардааст. Сиёҳро сиёҳ ва сафедро сафед гуфтан даркор муҳтарам муаллифони К.Саодат! Маҳз ҳамин далериву шуҷоат ва сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби олӣ буд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима ёфт ва шумо наҳзатиҳои сарсарсону саргардон шонси нав барои ҳаёти осоишта пайдо карда будед. Дар тамоми ҷаҳон ва минбарҳои созмону ташкилотҳои ҷаҳонӣ Сарвари давлатамон сухангӯӣ намуда ва ӯ дар ҷаҳон ҳамчун сиёсатмадори сулҳофарин шинохта шудааст. Шумо бошед орзӯ доштед ва талаб намудед, ки Эмануел Макрон, раиси Ҷумҳури Фаронса ба Э. Раҳмон фишор биоварад, то ки Бузурмеҳр Ёров аз маҳбас озод шавад. Аз суханони Илҳомҷон Ёқубов, яке аз дигар аъзои наҳзат чунин навиштаанд, ки онҳо дар тааҷубанд, ки барои чӣ Эмануел Макрон, Президенти Тоҷикистонро дар қасри худ қабул ва бо ӯ дидор намуд. Ҳамингуна тааҷубҳои дигари ин наҳзатиҳои бенангу беномус дар макола нашр шудааст. Хонандаи гиромӣ магар аз ин дида зиёд аблаҳӣ ва аниқтараш душманӣ бар миллату Ватан мешавад! Сиёсатмадарони дунё дар пайи ҳалли мушкилиҳои кишварҳои ҷангзада, гуруснагӣ, норасоии оби ошомиданӣ, хушксолӣ, тағирёбии иқлим ва ҳамкориҳои байни худ бошанд, ин наҳзатиҳо ворисони муллоҳои чаласавод аз Президенти Фаронса талаб намудаанд, ки эшон ба Президенти Тоҷикистон фишор биёварад, ки Бузургмеҳр Ёров озод шавад ва ғараву ҳоказо. Танҳо манфиатҳои шахсии онҳо. Наҳзатиҳо аз худ қаҳрамон тарошида гуё дар Фаронса тазоҳурот доир намудаанду Сарвари давлатамон ва кишвари абарқудрати ҷаҳон Фаронса, аз ин тазоҳурот тарсида макони вохӯриро тағир додаанд. Хонандагони гиромӣ магар Шумо ба ин сафсатаҳои наҳзатиҳо бо ном мухолифин бовар мекунед! Онҳое, ки аз тарс ба Аврупо гурехтаанд ва онҳое, ки аз тарс аз тағйири номи ҳизбашон намудаанд бовар кардан мумкин аст. Хулосаи ман ҳамин аст, ки агар интернет набошад, наҳзат ва дигар гурӯҳҳои иғвоангез ба нестӣ фаромӯш мешаванд. Зеро онҳо танҳо тавассути сомонаҳои интернетӣ аз худ дарак дода истодаанду халос. Онҳо дигар кореро ҳам анҷом дода наметавонанд.