Изороти устодони кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ
Ҳодисае, ки шоми 6 ноябри соли равон дар дидбонгоҳи сарҳадии №4-и “Ишқобод”-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии “ Султонобод” рух дод, ҳеҷ як фарди худогоҳи Тоҷикистони азизро бетараф гузошта наметавонад. Зеро, дар ин заду хурди мусалаҳона миллати тоҷикду нафар фарзанди содиқ ва шуҷои хешро аз даст дод. Азҷониби 20 нафараъзоёни бо ном “Давлати исломӣ” ба қатл расонидани ду нафар фарзанди фидоии ватан ва ҳуҷум намудан ба марзу буми кишвари мо аз як тараф ноадолати арёби гардад аз ҷониби дигар куштани шахсони бегуноҳ ин ҳам бошад аз номи гуруҳи “Давлати исломӣ” дар роҳи Худо боиси таасуф ва нафрати миллат мебошад.
Дар воқеъ дини мубини Ислом – дини покизагиву поктинатӣ, инсонпарвариву маърифатноки ва донишандузиву накукорист ва ҳеҷ гоҳ касеро ба харобкориву куштор ҳидоят накакрдааст
Ин тоифа танҳо ба хотири ноором сохтани ҷаҳон, аз байн бурдани қавме ва ё миллате мекушанд ва бо роҳи зӯровари, куштор, тарсу ваҳм мақсаду мароми худро амалӣ кардани мешаванд. Аз ин ру муборизаи беамон алайҳи ифротгароӣ ва тероризм вазифаи ҳар як фарди солимақлу солимфикри ҷомеаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Аз ин рӯ мо умед аз он мекунем, ки ин падидаишум решакан гардад ва сулҳу суботу оштӣ дар зери сояи Қуръону суннат ва Исломи ҳақиқӣ беш аз пеш побарҷо гардад, зеро тоҷикон аз аҳди қадим то имрӯз миллати соҳибтамаддуну бофарҳанг, озодихоҳ, сулҳпарвар, бунёдкор буду ҳаст ва хаҳад монд.