​Он кас, ки надорад сифати одамӣ

Роҳбарияти фирории ТЭТ ҲНИ бо маслиҳати хоҷагони худ талош мекунанд, ки ҳамроҳ бо намояндагони ташкилотҳои сунъии худсохтаи наҳзатӣ дар ҷаласаи солонаи САҲА ҳадафҳои нопоки худро оид ба бадномсозии давлату мардуми Тоҷикистон амалӣ намоянд. Бо баромаду гузаронидани ҳаргуна мизҳои гирд методи аслии хоинон аст.

Чунончӣ, наҳзатиён ҳамон ҳиллаи қадимии худро ба кор бурданӣ шуда, худашон бо худашон қарордод баста, ташкилоти сунъиеро бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» эълон намуданд. Вақте бо огоҳӣ аз моҳияти террористӣ ва собиқаи паймоншикании ТЭТ ҲНИ ягон ташкилоти мухолифи ҳукумат дар хориҷа ба эътилоф бо ин ҳизб розӣ нашуд, мувофиқинақшаи хоҷагони худ роҳбарияти наҳзат худашон аз ҳисоби аъзо ва муздуронашон чанд «ташкилот»-и нав сохта, сипас худашон бо худашон «эътилоф» ташкил карданд. Бинобар ин, огоҳон медонанд, ки «Паймони миллии Тоҷикистон» дар асл ҳамонТЭТ ҲНИ буда, ин ном бо мақсади пӯшонидани ниқоби нав ба ин ташкилоти экстремистию террористӣ эҷод шудааст. Мазмуни суханрониҳои намояндагони ТЭТ ҲНИ ва ташкилотҳои сунъии ҳошияи он низ нишон дод, кионҳо ягон ҳарфи ҷиддии гуфтанӣ ва сухани нав надоранд. Баръакс, суханрониҳои Варшава баъзе ҳақиқатҳоитаърихиро ошкортар намуданд. Аз ҷумла, дар ҷаласаи таъсисии «Паймони миллии Тоҷикистон» раиси ТЭТ ҲНИМуҳиддин Кабирӣ ба таври расмӣ эътироф кард, ки ҳизби наҳзати исломӣ дар асл давомдиҳандаи кори ҳаракати босмачигарии солҳои 20-уму 30-юми асри гузашта мебошад. Ӯ ҳаракатҳои мухолифини таърихиро классификатсия намуда, таъкид кард, ки наҳзатиён насли дуюми босмачиён буда, кору равишу ормонҳои онҳоро давом медиҳанд. Ӯ худ ва наҳзатиёни фирорӣ дар Аврупоро насли сеюми босмачиён номид. Собиқ роҳбари бахши ТЭТ ҲНИ дар шаҳри Хуҷанд Ёқубов Илҳом, ки бо супориши Кабирӣ акнун худро роҳбари «Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ» меномад, низ зидди давлату миллати худ суханронӣ намуда, хоҳиш кард, ки зидди Тоҷикистон «рӯйхати Магнитский», яъне таҳримҳои иловагӣ қабул карда шавад.

Дар ниҳоят ба ифротгароёну террористони наҳзатӣ тавсия дода мешавад, ки агар чашми хирад дошта бошед, бояд дарк намоед, ки “давраи аврупоии шумоён” ба охир расида истодааст. Бояд дарк кунед, ки босмачӣ шояд то Аврупо равад, аммо ҳаргиз аврупоӣ намешавад.Аврупо, ки аз моҳияти террористии Шумо безор аст, шуморо ба ҷойи зарурӣ хоҳад фиристод. Хоинони миллати тоҷик ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромӯш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намоянд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад.

Хамин буд, ки бо дастгирии фаъолонаи мардуми кишвар сохторҳои низомӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар мӯҳлати кӯтоҳтарин тавонистанд нақшаҳои ҷинояткоронаи террористонро барҳам зада, оромии Ватани азизамонро ҳифз ва таъмин намоянд.

Ҳар қадар дар ҷомеа барои одамон озодиҳои демократӣ муҳайё шавад сатҳи муайяни шуурнокии сиёсӣ инкишоф ёфта доираи ҳуқуқу озодиҳои онҳо зиёд мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳоро барои рушди ҳамаи гурўҳҳои ичтимоӣ мухайё намудааст, ки аз ин мо шаҳрвандон бояд шукрона намоем. Ҷаҳони муосир пуртазод аст, ки он манотиқи гуногуни оламро фаро гирифтааст, лекин шукрона кишвари азизи мо таҳти роҳбарии сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали истиқлолият худшиносиву худогоҳиро дар мадди аввал гузошт.

Мардумро ба якдигарфаҳмӣ, ягонагӣ, ва сулҳи устувор даъват намуд. Имрўз мо тамоми қишрҳои ҷомеа маҳз аз рўи ин принсипҳои созанда, ки рушди минбаъдаи ҳар як давлатро нишон медиҳанд кору фаъолият намоем.Ҷомеаи имрўзаи мо бо суботи комили сиёсӣ пеш рафта истодааст, ва онро тамоми қишрҳои ҷомеа бояд дастгирӣ намуда тамоми ҳастии худро барои рушди кишвари азиз сафарбар намоянд. Бубинед дар 28 соли соҳибистиқлолӣ корҳое иҷро гардидан, ки дар 70 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шўравӣ иҷро нашуда буданд. Аз ин лиҳоз мо набояд ба суханпардозиҳои беасос гўш андозем, балки бо фарҳангу маърифати баланди Ватандўстӣ баҳри гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз кору амал намоем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ