​Аз оинаи таърих некиро бинему бадиро ислоҳ кунем

Таърих оинаест, ки аксҳои гузаштаро барои имрўзиён намоиш медиҳад, то ба он нигаҳ карда, сабақи даркорӣ бардорем. Чун сухан дар бораи солҳои навадуми асри бист ва воқеаҳои дар он солҳо дар Тоҷикистон рухдода меравад, бешак таърих пандҳо ва омўзиш дорад. Агар ба таърих назар афканем, маълум мегардад, ки соли 1988 дар шаҳрҳои Спитак, Ленинакан (Гюмрии кунунӣ) ва чанд минтақаи дигари Арманистон зилзилаи сахт рух дода буд ва танҳо аз шаҳри Спитак 17 ҳазор мардум бе хонаву ҷой монда буданд. Он замон Тоҷикистон ва Арманистон дар ҳайати Иттифоқи Шўравӣ буданд ва барои мардуми офатзада аз шаҳри Душанбе чанд бинои навбунёдро ба арманиҳои аз зилзила зарардида дода буданд. Албатта, ин кор бо иҷозати расмии марказ – шаҳри Москва амалӣ гашта буд. Яъне Тоҷикистон ҳамчун мамлакати дўст барои арманиҳо сарпаноҳ дода буд.

Дар давраи шўравӣ чунин кор ва дастгирию кўмаки бародаронаи ҷумҳуриҳо як амри табиӣ ба шумор мерафт. Масалан, вақте ки санаи 13 октябри соли 1985 дар Қайроқум зилзила шуда буд ва сокинони шаҳри Хуҷанду ноҳияи Бобоҷон Ѓафуров аз ин зилзила зарар дида буданд, устоҳо ва мадади моддӣ аз тамоми Осиёи Миёна ва ҷумҳуриҳои шўравӣ расонида шуда буд. Ҳар хонаи харобгаштаро бо мадади бародарон аз чумҳуриҳои шўравӣ таъмир ва бозсозӣ карда буданд.

Дар муборизаҳои сиёсии опозитсия бо ҳукумати вақт дар моҳи феврал ва ё худ баҳманмоҳи соли 1990 воқеаи ба 39 нафар арманиҳо додани манзили зист овоза гашт ва теъдоди хонагирифтагонро душманони миллат то 5000 ҳазор нафар эълон карданд. Мардумро ба шўр оварданд, ки ба худи тоҷикон манзил намерасаду ба армянҳо ҷой дода истодаанд. Воқеан он солҳо норасогии манзил дар шаҳри афзошиёбандаи Душанбе ба назар мерасид. Ба даъвати опозитсионеро мардуми гумроҳшуда, ки муаммои манзили зист доштанд, ҳамроҳ гашта, санаи 11 феврали соли 1990 ба майдони Ленини шаҳри Душанбе ба тазоҳурот баромаданд.

Дар он солҳо бо роҳбарии баттолон ва ѓаразхоҳони сиёсӣ мардуми тоҷик бори аввал аз гумроҳӣ бо шиори манфури «Нест бод арманиҳо» баромада буданд. Саркардагони сиёсии ин гирдиҳамоӣ аз оддитарин чиз истифода карда, мардумро ба шўр оварда ба майдон бароварда буданд. Худи арманиҳо ин ҳолатро дида, гуфтанд, ки дигар ба тоҷикон мушкилӣ оварданӣ нестем ва Душанберо тарк карданд.

Дар бетартибиҳо ва гирдиҳамоиҳо мардуми рустаборро тоҷикон ба миён гирифта заданд, лату кўб карданд. Дигар аз гуманизм ва инсондўстӣ, бародарии миллатҳо ягон асаре намонда буд. Он гаҳ шиори гирдиҳамомадагон дигар гашт ва онҳо ба шиорпартоии «Нест бод Қаҳҳор Маҳкамов» гузаштанд, ки он солҳо президенти Тоҷикистон буд. Ин кирдор худ аз худ маълум аст, ки дар қафои опозитсия ва роҳбарони онҳо хадамоти ҷосусии дигар кишварҳо меистоданд, ки мехостанд дар Тоҷикистон давлати исломӣ бунёд кунанд. Аз ин рў, доимо эҳтиёт ва зирак будан лозим аст, ки бо баҳонаи кўчаке қувваҳои ѓаразхоҳ мардумро гумроҳ карда ба низоъҳои калон оварда расонанд.

Ба оинаи таърих бояд нигоҳ кард ва лаҳзаҳои беҳтаринашро гирифт. Вақте баҳманмоҳ мегўем, ба хотир набояд он лаҳзаҳои хунини солҳои навадум, балки фарорасии ҷашни Сада, ҷашни Баҳманҷана, Бодбара ва фарорасии Чаҳоршанбеи суриро ба хотир оварем, ки асосаш бахшоиши гуноҳони ҳамдигар, ҳамбастагӣ бо мардумони олам аст ва иштибоҳоти баҳманмоҳи соли 1990-ро такрор накунем.

И. Раҳимов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ