Ислом ба зоти худ надорад айбе…
Дар замони муосири мо, ки озодиву демократия ҳукмфармо аст, дар соҳаи давлатдорӣ бисёрҳизбӣ роиҷ гардидааст. Ҳар як ҳизб идеяву ғоя ва фаъолияти худро ба таври ошкоро паҳн ва тарғиб мекунад ва пӯшида нест, ки мақсади ҳамаи онҳо як аст, яъне ба даст овардани сиёсат ва ҳукумат. Албатта мардум дар интихоби шомилшавӣ ба ин ё он ҳизб озод ҳастанд ва бо дарку ақли солими худ ин корро амалӣ мекунанд. Аммо ҳизбҳое ҳастанд, ки онҳо зидди сиёсати ҳукмфармои имрӯза буда, барои ба даст овардани он ҳама корҳоро анҷом медиҳанд. Бо ҳар роҳ мардумро, махсусан ҷавононро тарғибу ташвиқ намуда, онҳоро ба гумроҳӣ мебаранд. Ҷавонон аксаран, ки оиди сиёсат ва ҳуқуку ӯҳдадориҳои худ донишу саводи кофӣ надоранд, ин идеяи онҳоро дастгирӣ намуда, ба ҳар кори нодуруст даст мезананд.
Таъсис ёфтани ҳизби наҳзати ислом дар Тоҷикистон амри тақдир буд, аммо пайравӣ кардан ба он мардумро ба таҳлука меандозад. Зеро ба ҳамагон маълум аст, ки ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз намояндагони шадиди гурӯҳҳои мутаассиби исломӣ сарчашма гирифта буд. Онҳо барои расидан ба мақсади худ исломро асос мегирифтанд ва дар бораи оқибати ин муборизаҳо мулоҳиза намекарданд, ки ниҳоят боиси марги чандин миллион инсонҳои бегуноҳу қафомонии чандсолаи давлат гардид. Ба қавли Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ:
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб, ки ҳаст дар мусулмонии мост.
Гуфтори Президенти мӯҳтарами мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбати терроризм ва ифротгароӣ воқеан ҷолиби диққат аст: «Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб, миллат надорад ва ба ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодурст аст. Мубориза бо экстремизму терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард».
Имрӯзҳо гурӯҳҳо ва ҳизбҳои гуногун бисёр шудаанд, ки ақидаҳои манфиатноки худро ба ҳама, махсусан ҷавонон тарғибнамуда, мафкураи онҳоро вайрон мекунанд ва онҳоро ба роҳи нодуруст раҳнамун мекунанд. Ба роҳе, ки маълум нест ояндаи он чӣ гуна мешавад, оё фаҳмиши тарафдорони ин ҳизбу гурӯҳҳо кофӣ аст, ки ҷамъиятро исломӣ гардонида, онро пеш баранд? Оё ин мақсад ҷамъиятро ба саодат мерасонад? Исломӣ кардани ҷамъият ҳатмӣ нест, намунаи ибрат шудан ба ҷамъият бо ахлоқи ҳамида имони дурусту босалоҳ ин аст вазифаи муҳими муллою муллозодаҳо. Намояндагони ин ҳизбҳо фаромӯш кардаанд, ки халқи тоҷик чӣ рӯзҳоро аз сар гузаронид ва намехоҳад ба он баргардад. Аз лаҳзаи имзо шудани ҳуҷҷати муҳими таърихӣ – созишномаи сулҳу ваҳдати миллӣ зиёда аз 15 сол сипарӣ шудааст, дар ин фурсат кӯдаки навзоди онвақта имрӯз як ҷавони боақлу заковати нав шудааст, насли нав ба воя расидааст. Чӣ қадар заҳматҳо, бинокориҳову ободонӣ дар ин фурсати тӯлонии вақт аз ҷониби халқу давлат амалӣ шуданд, бо умеди он ки минбаъд дар замини тоҷикон ҳамеша пешравӣ ва шукуфоии миллат ҳукмрон мешавад. Ин аст, орзуву умеди халқи поксиришту поктинати тоҷик, ки мехоҳад танҳо тинҷиву оромӣ бошад ва зиндагии осуда таъмин гардад. Ҳар як фарди тоҷик мехоҳад дар сулҳу субот зиндагӣ кунад.
Аммо вазъияти имрӯзаи ҷаҳон онро тақозо менамояд, ки бо ақли солим мавқеъи худро ба фаъолияти ҳизбҳо, ҳаракатҳову гурӯҳҳои дар замони имрӯза амалкунанда, ки хавфи ҷиддиро байни халқ паҳн менамоянд дурандешона муайян намуда, чораҳо андешем. Фарзандони худ, насли ояндаи миллатамонро тарбияи дуруст дода, ба некӣ раҳнамоӣ намоем.