«Тарки одат амри маҳол аст»…
Сабабгори асосии ҷанг дар солҳои 90-уми асри гузашта ТТЭ ҲНИ буд, ки сабаби марги 150 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар гардид. Ҳаракатҳои аъзои ТТЭ ҲНИ боиси тақсимшавии ҷомеа гардид ва бародар хуни бародарро рехт. Махсусан, бо таҳқири омӯзгору аҳли илм мавқеи илм ва олиму омӯзгорро дар ҷомеа поён овард ва ба дурмондани гурӯҳҳои муайян аз таҳсил гардид, ки дар пайи хеш садҳо мушкили дигарро ба миёновард. Пас аз имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки мебоист омилони ҷанг бахшида шаванд, ҷинояти сангини ин ҳизб зери парда монд. Дар давоми 18 сол, ки ин ҳизб дар кишвар озодона амал дошт, фаъолияти хешро на аз роҳи бароварда кардани ниёзи иҷтимоӣ ва беҳбуд бахшидани сатҳу сифати зиндагии мардум, балки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш аз шеваи террори ақидатӣ истифода намуд. Тавассути сармоягузории хоҷагони берунии хеш фазоро пур аз ақоиди ифротӣ намуда, мағзи садҳо нафарро вайрон гардонд. Тавассути расонаҳо ҳамарӯза афкори хурофотӣ ва террористиро таблиғ намуданд. Натиҷаи ҳамингуна террори ақидатии наҳзатиҳо сабаб гардидааст то даҳҳо нафар ба сафи гурӯҳҳои тундраву террористӣ пайванданд. Дар 18 соле, ки ин ҳизб дар кишвар фаъолият намуд, тамоми ҳадафаш ба террори ақидатии ҷомеа нигаронда шуда буд.
Дар марҳилаи охири фаъолияти хеш дар кишвар ва махсусан, пас аз нокомӣ дар интихоботи парлумонии соли 2015 ТТЭ ҲНИ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш, яъне расидан ба қудрати сиёсӣ дар моҳи сентябри ҳамон сол бо роҳи низомӣ хост ҳокимиятро ба даст дарорад. Пӯшида нест, ки дар амалӣ гардидани чунин ҳадаф баъзе кишварҳо ба он сарпарастии молиявӣ намуда, сарони ин ҳизбро ба чунин амал таҳрик намуданд.
Ҳадафи асосии ин ҳизб на бар пояи демократия ва адолати иҷтимоӣ, балки бар пояи хушунату бадбинӣ ва бартариҷӯии динию мазҳабӣ устувор аст. Ҳамин буд, ки дар он солҳо гурӯҳҳои ҷангию террористии худро созмон дода, боњашамтарин шеваҳо мардумро таҳқиру қатл ва ғорат намуданд.
Аҷиб ин аст, ки намояндагони давлатҳои Аврупо дидаю дониста аз ҳамин гурӯҳи террористӣ ва зиддиинсонӣ ҳимоят мекунанд. Вале бояд дониста бошанд, ки ин гурӯҳи хатарнок ҳар замон метавонад қиёфаи аслии хешро ба намоиш дарорад ва аз ҷониби дигар набояд ба суханбозиҳои сиёсии роҳбарони ин ҳизб, ки айни ҳол аз ҳуқуқи башар ҳарф мезананд ва ба амалкардҳои онҳо ҳамеша дар мухолифат қарор мегирад, зоҳирбинона назар афканд.
Замон одилтарин ва оқилтарин довар аст. Номи мубораки ҳар як шахс дар ёди ворисонаш абадӣ боқӣ мемонад. Бузургдошти номи шахс барои муттаҳидию ваҳдат, худшиносӣ, ифтихори ватандорӣ,покизагии маънавию ахлоқии ў барои авлодаш ва ҷомеа хизмат хоҳад кард. Аммо баръаксии ин хислатҳо бадбахтии роҳгумзада мебошад.
Р. Усанов, номзади илмҳои фалсафа, дотсенти ДДХ баноми академик Б.Ғафуров