Ҳамдиливу ягонагӣ омили устувории амнияти миллӣ

Саидюнуси Истаравшанӣ, яке аз чеҳраҳои маъруфи сиёҳкунандаи номи Тољикистон дар арсаи байналхалќӣ ва муборизи фаъоли иғвоандозанда байни мардуми тољик аст. Майдони муборизаҳои ин қабил макрангезон шабакаи интернет қарор дода шудааст. Аз мадди назари чунин афродон ягон ќадами ҳукуматдорон дур намемонад. Зеро аз ҳар амалу кирдори роҳбарон бо сад фитнаву дасиса, бофтаву дуруғ, муболиғаҳои иғвоангезона месозанд. Аслан, Саидюнуси Истаравшанӣ чандон ќалами тез надошта бошад ҳам, бештар бо паҳн кардани маводҳои дигарон, ки дар ниҳоди хеш ҳадафи паркондагии миллӣ, ташкили низоъ ва ноором сохтани фазои сиёсиро дорад, машғул аст.

Лекин, чӣ тавре ки борҳо дар баромадхои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, мо ватанамонро худамон обод мекунем, каси дигар барои мо ин корро нахоҳад кард. Хушбахтона имрӯз аксарияти ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия ёфта, ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ доранд. Онҳо доимо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳсос мекунанд ва медонанд, ки қувваи пешбарандаи ҷомеа ҳастанд.

Ҳоло фурсате расидааст, ки мо тоҷикистониён зери сиёсати ҳадафмандона ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардем ва барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ҷидду ҷаҳд намоем. Мақсаду мароми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани шарту шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як сокини ба ору номуси кишвар аст. Вазифаи муқаддаси ҳар як тоҷикистонӣ бошад, ҳифзу гиромӣ доштани сарзамини аҷдодӣ ва рушду обод намудани он аст.

Ҳомидова М. муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ