​Факултети санъат: Ғолибият дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” аз рўи номинатсияҳои оҳангсоз, сароянда, навозанда, шоир, ровӣ дар се давра дар саросари кишвар ташкил ва баргузор гардид.

Даври аввали озмун дар шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюм дар сатҳи вилоят гузаронида шуда, ғолибони озмун ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Даври сеюми озмун дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе ҷараён гирифт.

Ансамбли “Дилнавоз”-и шаҳри Хуҷанд, ки дар ҳайати он устодон, донишҷўён ва хатмкардагони факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият доранд, дар номинатсияи навозанда дар жанри анъанавӣ сазовори ҷойи аввал гардиданд.

Ғолибони озмун бо диплом ва 30 000 сомонӣ мукофотпулӣ қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ