Ҳамовозӣ ба номаи Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷи Ҳусайн Мўсозода
Обрую эътиборикишвари мо дар соли 2018 пеш аз ҳама аз ташаббуси чоруми ҷаҳонии Пешвои муаззмаи миллати мо дар соҳаи об — «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об бо иштироки бевоситаи Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид,ба ҳисоб рафта, Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ гардид.
Ҳамчунин ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб ёфта, ин иншооти тақдирсоз дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ — истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.Ин дастовардҳои муҳими соли 2018-ро тамоми аҳли башар барои Тоҷикистон ва миллати тоҷик муборак хонданд. Маълум аст, ки бо ташаббус ва таҳти роҳбарии одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз кишвари азизи мо рў ба тараққи ниҳода, дар арсаи байналхалқӣ эътибори бештарро соҳиб шудааст. Хоинони миллати тоҷик ба обрўю эътиборикишвари мо хамеша ҳасад мебаранд ва барои расидан ба мақсадҳои нопокашон сари миллати тоҷик санги маломат ҳавола мекунанд.Ахиран дар сомони АМИТ “Ховар” (06.01.2019)номаиСархатиби вилояти СуғдҲоҷи Ҳусайн Мўсозода таҳти унвони « Буқаламун. Дар бораи боз як тамаллуқ ва риёкории роҳбари наҳзатиён Муҳиддин Кабирӣ» нашр гардид, ки он дар он аз муносибати мунофиқонаи Роҳбари Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ сухан рафтааст.
Мавсуф оид ба матни муборакбодии соли навии роҳбари ТЭТ-и Ҳизби хиёнаткори Наҳзат Муҳиддин Кабирӣ андешаронӣ намуда, равшану возеҳ дурўя будани ўро ошкор мекунад: “Ман аз ин дурӯягӣ дар ҳайрат мондам ва маънои даҳҳо оятҳои Қуръони карим, ки дар ҳаққи шахсоне, ки зоҳирашон хилофи ботинашон, ончӣ дар дилашон нест, бо забон мегӯянду онро рӯи коғаз меоранд ва ошкоро мегӯянду хилофи онро дар дил пинҳон медоранд, пеши назарам омад. Ва ба худ гуфтам: Муҳиддин Кабирӣ то рӯзе, ки дар Эрон назди охундҳо буд, солшумории мелодиро ҳаром ва табрикоти онро маҳкум мекарду имрӯз хилофи ақидаи худ амал мекунад, сабаб чӣ бошад? Ӯ бо ин амалаш боз як бори дигар пардаро аз рӯи худ кушод.” Ҷойи таъкид аст, ки ифротиҳо барои мусалмонони ҷаҳон хатарнок буда, аз имону исломи ноб ба маротиб дур ҳастанд ватанҳо аз ислом ҳамчун як василаи эътиқодот ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои нопок истифода мебаранд. Вагарна ҳеҷгоҳ ба чунин корҳои қабеҳ хиёнату мунофиқӣ рўй намеоварданд. Дар ин маврид, Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон ҷаноби Шри М.Ҷ. Акбар зимни суханрониаш дар конференсияи байналмилалии «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» (Душанбе, 2018) чунин қайд менамояд: «Терористҳо ва сарпарастони онҳо бо роҳи фиреб одамони аз ҷиҳати иқтисодӣ заифро ба фабрикаи худкушии худ ҷалб мекунанд, чи гунае, ки ман дар эссей ҳамчун «хаёлпарастии таназзул» тавсиф намудам».
Ҷоиз ба тазаккур аст, ки номаи сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷи Ҳусайн Мўсозода, як ҳушдори тозае ба мардуми тоҷик доир ба авҷ гирифтани раванди сиёсигардонии ислом аз ҷониби намояндагони ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст.Тоҷикистон дар арсаи ин муборизаҳо ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта, барои пойдории сулҳу субот ва бартараф кардани ҳаргуна тадбирҳои хатарзои ифротии ташкилотҳои ба ном исломӣ тамоми қувваи хешро сафарбар менамояд.
Сабуров Х.М., Раҷабов Б.М.-устодони донишгоҳ