Изҳороти Бегалиев Х. омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа
Анъанаи ироа ва пешниҳоди Паём аз ҷониби Президент Сарвари давлат шахси аввали сиёсии мамлакат бештар дар таҷрибаи кишварҳои низоми демократӣ дошта, давлатҳои демократии классикӣ – шакли идоракунии Ҷумҳуриии Президентипарлумонӣва монархияи конститутсионӣ(ҳуқуқи монарх, ҳокими мутлақ бо конститутсия маҳдуд карда мешавад) роиҷ аст.
Паёми Президенти мамлакат Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дорои мазмуни мӯҳтавои хеле пурарзиш ҳадафрас ва таҷассумгари вазъи кунунии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иктисодӣ, фарҳангии мамалкат дурнамо ва пайомадҳои хуш ба ояндаи фардои миллат орзуву омоли халқи тоҷик дар роҳи бунёди Тоҷикистони ободу озод ва шукуфони мамалкати мутараққӣ мебошад. Паём ва ироаи Сарвари давлатро дар соли 2018 тамоми тоҷикистониён бо як руҳияи баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ тамошо намуда, ҳар як шаҳрванд бо ҷаҳонбинии шахсии худ онро дарк намуда, сармашқи кори худ менамояд. Нуктаҳои муҳими ироа карда шуда, барои пешравии иҷтимоию иқтисодии ҷомеа саҳми назаррас мегузорад. “Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун””, “Мулоқоту музокироти дуҷониба, сафарҳои давлатии роҳбарони ҳар ду давлат ва ба имзо расидани созишномаи шарикии стратегӣ байни кишварҳои бо ҳам дӯсту бародар муваффақ шудан” ва эълон гардидани соли 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”қайд шуда гузашт ва ин боиси хурсандӣ ва сарфарозии мардуми шарифи Тоҷикистони азиз аст.