Роғун адолат аст, чун аз башорат аст
Роғун асолат аст,
Роғун адолат аст.
Афсонае куҷост,
Роғун ҳақиқат аст.
Ҳанӯз аз даврони қудратии Иттиҳодияи Шӯравӣ лоиҳа ва ба кор оғоз кардани нерӯгоҳи азими аср, яъне Роғун дар назар ва дар суханҳо шунида мешуд. Вале то кунун бо вуҷуди буду набуди шароит он на дар лоиҳа татбиқ гардиду на ба кор оғоз кард. Зеро барои сохтмони он қабл аз ҳама азму иродаи қавӣ лозим буд. Рӯзе гузаштагони ормониамон шоҳиди ҳодисае мегаштанд, ки яке барои обод намудани он талош дошт, дуюмин барои сохта шудан ва ё нашудани он меандешид, сеюмин бошад барои манфиатҳои шахсии худ ва дигарон шуда,барои барҳам додани ақидаи сохтмони нерӯгоҳ талош мекард. Ватанфӯрӯшу хоин ном бурданд, оне, ки барои пешравии миллат, барои дурахшонии кишвар, барои ба истиқлолияти комили энергетикӣ расидани халқ зиддият нишон медод.
Он носипосон, ки чашми нобино як тараф, дили нобино доштанд, мехостанд, ки халқи мо аз торикию танги азият бинанд.
Ҳамин тавр паси ин талотум барои сохтмони Роғун аз рӯи маҳалгароиву тафриқаандозии бархеҳо миллат дучори ҷанги хонумонсӯз гардиду ба ҳадди даҳ сол аз рушд боз монд. Ҳол он, ки чи қадар хисороти моддиву маънави дидааст.
Бояд тазаккур дод, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатиамон 9 соли он барои таъмини амнияти миллат сарф гардид, сипас аз соли 2000 оғоз бо дасту дили гарм дар пайравии сарвари давлат ба корҳои ободони даст задем.
Билохира мо ба ҳар ҳол хушнуду сарфарозем, дер ҳам, ки бошад ба даст омад ва ба хонадони миллати тоҷик нури раҳмонӣ ато кард.