Хулосабарорӣ аз суханронии Пешвои миллат
Санаи 01.09.2019 аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи тиббии ш. Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоыӣ суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ифтихори Рӯзи Дониш бо тавҷҷӯҳи хоса шуниданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ыайд намуданд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамеша хостгори сулҳу оромӣ буда, барои ҳифзи ин неъмати бебаҳо саъю талош мекунанд. Ыайд гардид, ки дар ощози соҳибистиылолии кишвар хоинони миллат бо пуштибониву маблащгузории хоҷагони хориҷии худ мардуми моро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор карданд, ки дар натиҷа ҳамватанони мо барои ҳимояи ҷони хеш гуреза гашта дар давлатҳои хориҷа сарсону саргардон шуда, зиёда аз 50 ҳазор нафар кӯдакони бегуноҳ берун аз марзи кишвар дар гурезагӣ буданд. Ин хоинони миллат мафҳумҳои муыаддаси Ватан, модар, миллат, забон ва фарҳанги миллиро дуруст дарк намекунанд.
Лекин бо дастгирии мардуми сулҳдӯсту шарафёби мо дар кишвар сулҳу оромӣ, якдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ таъмин гашта барои расидан ба марҳилаи рушди бомароми иытисодиву иҷтимоӣ роҳ кушода шуд. Аз ин лиҳоз, ҷавонони моро, ки мояи ифтихори миллатанд, лозим аст, ки барои ҳимояи марзу буми кишвар тамоми ыувваву матонати хешро масраф сохта, ба донишандӯзӣ, омӯхтани илму ҳунар кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёдамон, аз худ намудани илму дониш, касбу ҳунар, навовариву ихтироъкорӣ ва дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намудани давлату миллат вазифаи муыаддаси наслҳои ҷавони давраи истиылолият мебошад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон инчунин ыайд намуданд, ки ватани моро каси бегона обод намекунад, аз ин рӯ, ҷавононро лозим аст, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода барои ҳифзи давлати соҳибистиылол ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ, забон, таърих, фарҳанг, расму оин ва дигар арзишҳои миллӣ омода бошанд.
Омӯзгоронро лозим аст, ки барои омодагии ҳамаҷониба ба машщулиятҳо аз шароиту имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода баранд, технологияи иттилоотиро омӯзанд, дараҷаи ихтисосии хешро баланд бардоранд ва барои таълиму тарбияи насли наврас тамоми малакаю маҳорати хешро масраф намоянд. Хоса, ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷумла забонҳои англисӣ, русӣ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд.
Омӯзгорони фанҳои таърих, забон ва адабиётро зарур аст, ки ба шогирдон фарҳангу санъати гузаштаву муосир, расму оин ва дигар арзишҳои миллиро омӯзонида моҳияти сулҳу суботро ҳамчун шарти асосии зиндагии орому осуда ҳамаҷониба фаҳмонанд.
Аз ин рӯ, олимону донишмандон, омӯзгорон ва дар маҷмӯъ тамоми кормандони соҳаи илму маориф кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдонашонро ба омӯхтани илму дониш дарк намудани руҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намоянд.
Наврасону ҷавононро зарур аст, ки ба омӯхтани илму дониш ҷиддӣ машщул шуда, бештар китоб хонанд аз китобхонаҳои донишгоҳҳо, шаҳриву вилоятӣ самаранок истифода баранд ва таъриху тамаддуни кишвари хешро омӯхта, соҳиби саводу маърифат гарданд.
Инчунин омӯзгорон кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботҳои меъёрҳои байналмилалӣ, мутахассисони дорои сатҳи баланди касбӣ ва ватандӯсту масъулиятшиносро тайёр намоянд.
Хулоса, тамоми аҳли ҷомеаи меҳнатии коллеҷ аз ҷумла, устодони кафедраи забони давлатӣ аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр баҳраҳо бардошта, дар соли таҳсили 2019-2020 барои ба амал тадбиы намудани ин гуфтаҳои Ҷаноби Олӣ тамоми маҳорату малакаи хешро сарф менамоянд.
Мудири кафедраи забони давлатӣ:Щалатова М.М.
Омӯзгори собиыадори кафедра: Нурматова С.К.