​Ҳамкории Тоҷикистону Покистон заминаи хубе барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоии МҲТБО

Аҳолии мардуми минтақаи Осиёнисфи сайёраи заминро ташкил медиҳад, ки хело аҳамияти стратегӣ ва геополитикӣ дорад. Тавоноиҳои кишварҳои осиёиро гуногунӣ ва таҳаввулоти мардуми он ташкил медиҳад, ки Осиёро ба макониинкишофи босуръаттариниминтақаи ҷаҳон роҳандозӣ мекунад. Ҳамаи ин тавоноҳои минтақаи Осиё мебошанд, ки имрӯзҳамаи кишварҳоро дар зери як ҳадафи стратегӣ таҳтисозмони МҲТБО ҷамъ овардааст.


Шомил шудан дар чунин муассисаи ҷаҳонӣтаҷҷасумгари равобит ва ҳамгироӣ байни кишварҳои минтақа мебошад. Созмони мазкур талош дорад, то заминаҳои хуберо барои таъсиси форуму нишастҳои тиҷоратӣ ва машваратӣ байни мардумони Осиё алалхусусҷавонон ба вуҷуд орад. Зеро ҷавонон нерӯи созандаи ҳар ҷомеа мебошанд, ки тавассути онон метавон рушду такомулидавлат ва раъиятро ба вуҷуд овард.

Бояд қайд кард,ки қитъаи Осиё зиёда аз 50 давлатро дар бар мегирад, ки бештари онҳо аъзои МҲТБО мебошанд. Қитъаи Осиё зиёда аз 4 миллиард аҳолӣ дорад, ки инқудрат ва неруи бузург мебошад. Тибқи сарчашмаҳо, қитъаи мазкур 3 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти умумиҷаҳониро истеҳсол мекунад.

ДарОсиё кишварҳоеҷойгиранд, ки аз ҷиҳати ҷуғрофӣ калон, тараққиёти босуръати иқтисодиву иҷтимоиашон ва пешқадами дунё мебошанд, кибештари мамолики дунёро ба ҳайрат гузоштаанд. Дар ин раванд Сингапур, Филиппин, Тайланд, Чин, Туркия, Эрон, Ҳиндустон ва Покистон, ки аз давлатҳои абарқудрати минтақавӣ ба шумор мераванд, метавонзикр кард.

Рӯзҳои 14-15–уми июни соли 2019 бо ибтикори Тоҷикистон 5–умин Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баргузор гардид. Бояд қайд кард,ки МҲТБО яке аз созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, ки бо дарназардошти таҳкими сулҳу суботи минтақавӣ, ҳифзи арзишҳои муштараки миллӣ, ҳамкориҳои боварибахши дуҷониба ва бисёрҷониба, пешгирии нузули хатарҳои номатлуби аср ба монанди мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, мубориза бар зидди гардиши қочоқи маводи мухаддир, тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, ҳифзи суботи минтақавӣ, нигаҳдошти сулҳ ва амният дар минтақаи Осиё созмон дода шудаааст ва заминаи хуберо барори баррасии масоили мубрамаи минтақаи Осиё хусусанхушунати байни Исроил ва Фаластин, Покистону Ҳиндустон, ҷангҳои Ироқу Сурия ва Афғонистонмавриди муҳокима ва ҳаллу фаслфароҳам хоҳад овард.

Ин нуктаро бояд зикр кард, ки имрӯз дар аксар кишварҳои Қитъаи Осиё оромӣ, ҳамгироӣ ва ваҳдати миллӣдида намешавад. МамоликиОсиё сатҳи рушд, фарҳанг, дину мазҳаб, миллату халқият ва давлатҳои гуногун доранд, аммо чолишу таҳдиду хатарҳо барои ҳамаи кишварҳои мазкурягонаву якранг мебошад. Барои ҷилавгирӣ ва мубориза бо ин чолишҳо ва ҷурмҳо давлатҳо ба танҳоӣ ё дар алоҳидагӣ ба ҳадафи ниҳоӣ муваффақ шуда наметавонанд.

Яке аз иқдомҳои кишвари Тоҷикистон барои ҳамгироии минтақаҳо ва таҳкими дӯстӣ байни халҳои олам рушд додани гардишгарӣва рушди сайёҳӣ мебошад. Барои ба ин ҳадаф расидан кишвари мобо зарфияту имконоте, ки дорад тавонист дар як муддати кутоҳ самти гардишгарии кишварро рушд диҳад ва тавонист, ки ташкилотҳои байналмилалӣонро ҳамчун давлати аз ҷиҳати сайёҳӣ босуръат рушдкунанда шиносанд ва эътироф кунанд.

Гузаштани Саммити МҲТБО заминаи хубест, бароиҳамгироии кишварҳои минтақа алалхусусОсиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Миёна. Зероманотиқи мазкур дорои манобеъ ва сарватҳое мебошанд, ки метавон аз онҳо дуруст истифода кард. Барои мисолдар ин раванд Ҳиндустону Покистонро намунаи хуб дар самти рушди хоҷагии деҳот донист, зеро онҳо дар ин соҳа таҷрибаи хуб ва ғанӣ дар ҷаҳон ва минтақа доранд.

Тоҷикистон Раёсати Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро барои солҳои 2018-2020 бар ӯҳда дорад, ки санаи 15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ин ҳамоиши байналмилалие, ки зиёда аз 27 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ узви он ҳастанд, барои муаррифӣ ва баланд гардидани обрӯю эътибор ва нуфузи Тоҷикистон дар ҷаҳонӣ такони ҷиддӣ бахшид. Дар ҳамоиш илова аз кишварҳои арабӣ, роҳбарон ва намояндагон аз манотиқи Осиёи Ҷанубӣ бо шумули Ҳиндустону Покистон низ ширкат карда, суханронӣ карданд. Бояд қайд кард,ки Тоҷикистон солиёни дароз мешавад, ки бо ин кишварҳо равобити амиқи фарҳангию дӯстӣ дорад, ки дар заминаи он раванди муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, ҷиҳати рушди ҳамкории масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмиву фарҳангӣба якчанд дастовардҳо ноил гардиданд. МинтақаиОсиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Миёнахело стратегӣ маҳсуб шуда, ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ байни ин кишварҳо хело муҳим арзёбӣ шудааст. Ва лизо инҷо метавон мухтасаркишвари Покистонва муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии онро бо Тоҷкистон баррасӣ кард.

Тоҷикистон аз байни давлатҳои Осиёи Миёна кишвари наздиктарин бо Покистон мебошад. Бояд қайд кард, ки ҳар ду кишвар дорои тамаддуну фарҳангҳои муштарак буда, солиёни зиёд мешавад, ки равобити дипломатии хуб доранд. Покистон яке аз авваллинҳо буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва ҳамзамон дар ибтидои ҳамон солҳо намояндагии дипломатиашро дар Душанбе бозкард. Тибқисарчашмаҳо аввалин маротиба 6-уми моҳи июни соли 1992 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуд. Нахустин бор дар соли 1993 Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафоратхонаашро боз намуд ва ибтидоии соли 1994 ба фаъолият оғоз кард.

Дар санаи 23 феврали соли 2005 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба фаъолият шурӯъ намуд ва ҳар ду кишвари дӯст зиёда аз 30 санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба имзо расонданд. Дар моҳи марти соли 1994, октябри 1996, июни 2002, июли 2009 ва марти 2011 Президенти ҶТ баПокистон сафарҳои расмӣ ба амал овард, ки дар таърихи муносибатҳои дуҷониба аҳамияти калон доранд.

Покистон узви фаъоли СММ, ЭКО, СААРК, Кишварҳои Исломӣ, Гурӯҳи 77ва Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад. Тибқисарчашмаҳо дар ин кишвар зиёда аз 1.2 миллион қавми тоҷиктабор умр ба сар мебаранд, ки аксари онон аз даврони ҳокимияти сулолаи муғулон ин ҷоро ватани доимии худ қарор доданд. Бояд қайд кард, ки бештари онон ба касби тиҷорат, меъморӣ ва ирфон машғулият доштанд, ки то имрӯз осорашон боқӣ мондааст.

Коршиносон ба ин назаранад, ки Тоҷикистон ва Покистон якҷоя метавонанд бо ҳамкории дигар манотиқии Осиёи Миёна масири аслии энергетикиеро эҷод кунанд, ки заминаи хуберо барои минтақа ба вуҷуд оварад. Дар ҳоли ҳозир мо дар асри технологӣ зиндагӣ дорем ваниёз ба истифодаи дурусти ин сарватҳо дорем, то битавонем ҳаёт ва имконоти беҳтар ва хубтарро барои шаҳрвандонамонфароҳам оварем. Таҳким ва эҷоди равобит байни Тоҷикистон ва Покистон метавонад заминаихубе барои густариши байни онҳо гардад ва сабаб шавад, то роҳҳову масирҳои тиҷоратӣ дар байни дигар манотиқ низ тақвият ёбад.

Ташрифи намояндаи махсуси Сарвазири Покистон хонуми Доктор Сония Ништар дар Саммити МҲТБО заминаи хубе буд барои гуфтушунид ва ҳамкориҳои оянда, кимиёни ду кишвар ба роҳ монда шуд. Бояд зикр кард, ки моҳи апрели2019 дар шаҳри Пекин дар ҳошияи Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии сатҳи баланд «Як камарбанд, як роҳ» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Покистон Имрон Хон мулоқот карданд. Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ ва муносиботи дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Покистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи тадбирҳои муштарак дар роҳи мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир – терроризм, экстремизм, ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, иброз доштанд.

Ҷаҳони имрӯзаро равандҳо ва чолишҳои пуртазодфаро гирифтааст, ки дар ин замина бисёре аз қонуну қоидаҳоиСММ мавриди риоява эҳтиром қарор намегирад .Ин ҳама сабабу омилҳое ҳасатанд, ки арзишҳои чандҷониба мавриди савол ва баррасӣ қарор гирифтаанд.

Тазоду кашмакашҳо дар байниманотиқи Осиёи Ҷанубӣ, ОсиёиШарқӣ ва ОсиёиҒарбӣрушд ва пешравиҳородар Осиё коҳиш дода, сабаби ноамнӣ ва нооромии минтақа гардидааст. Имрӯз манотиқи Ховари Миёна таҳти таъсири ҷангу хушунат қарор дорад, бо вуҷуди он ки неруҳои ДИИШ суст ва заифгардонида шудаанд, вале амалҳои террористӣ ва хушунат вусъат ва густариш ёфта истодааст. Даргириҳои мазҳабӣ, нажодпарастӣ ва хусусан исломҳаросӣ хело зиёд мардуми сайёраро зери тарсу ваҳшат овардааст.

Бояд қайд кард, ки терроризмва хатароти он ба минтақа ва ҷаҳон таҳдид карда истодааст. Ин падидаи номатлубест, ки на ба дин, на ба мазҳаб ва на ба миллат эҳтиром қоил шуда, ягон ҳудудеро эътирофнамекунад. Кишвари Покистон барои муборизабар зидди ин вабои аср то имрӯзфаъолона талош мебарад, ки набояд онҳоро нодида гирифт. Моро зарур аст, ки якҷоя боядбар муқобили ин падидаи номатлуб якҷоя бо доштани стратегияиҳадафманд муборизабибарем, то тавонем решаҳои асосии онро пайдо карда, азпаёмадҳоиноматлуби он ҷилавгирӣ кунем. Барои расидан бамақсаду ҳадафҳои ниҳоӣ кишвари Покистон аз тамоми аъзоёни Саммити МҲТБО талаб менамояд, токашмакашҳои минтақавиро бо истифода аз гуфтушунид ҳал карда, муқобили ин вабои асрякҷоямубориза баранд.

Дар хулоса метавон қайд кард, киташрифи намояндаи махсуси Сарвазири Покистон ва суханронии ӯ заминаи хубест дар эҷоди ҳамгироии минтақавӣ ва ҳамкорӣ барои мубориза ваҷилавгирии аз ин паёмадҳои номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳо якҷо ва муштараконасаъюуталош намоянд, то мардумисайёраро зери сояи амну субот ва рушду рифоҳнигоҳ дошта, ба суи фардои нек роҳнамоӣ намоянд. Боварӣ ва яқин дорем, ки Саммити МҲТБО низбо чунин ҳадафу ниятҳои нек оғоз гардид ва бо қабули Эъломияи Душанбемувафақонахотима ёфт, ки райёсати он то соли 2020 ба Тоҷикистон супорида шудааст .

Мирсаид Раҳмонов

Корманди Академияи илмҳои ҶТ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ