​«Ҳиҷоб» ва коҳиш ёфтани фаъолнокии инсон

Халқи тоҷик, ки аз азал фарҳанги бою ғанӣ доранд, одоби либоспўшӣ ва рўймолбандии ин миллати ботамаддун шаҳомату манзалати худро гум накардааст. Мо метавонем гуфт, ки фарҳанги либоспӯшӣ ва рўймолбандии тоҷикона ифодаи муҳаббат ва эҳтироми миллат мебошад, ки табиатан вобаста ба таърихи кишвар ва сарвати маънавии он вобаста аст.

Ба гуфтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги миллӣ ба сифати пояи устувори маънавиёт ва таҳкими аркони давлатдорӣ арзиши ниҳоят бузург дошта, нигоҳ доштани он вазифаи тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон аст.

Имрўзҳо бадхоҳони миллат як гурӯҳи маҳдуди занону духтаронро гумроҳро на дар ботин, балки дар зоҳири онҳо диндориро тарѓиб карда,онҳоро бо пӯшидани либосҳои сиёҳу торик ва «Ҳиҷоб» тавсия намуда, арзишҳои фарҳанги миллии моро поймол ва фазои маънавии кишвари моро тира сохта истодаанд.

Дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои муаззмаи миллат дар назди зиёиён таъкид доштанд, ки "Худоро бо ақл мешиносанду бо қалб мепарастанд, на бо сару либосу сатру ҳиҷобу саллаву риш"

Имрўз мо ҷавононро зарур аст, ки бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» (2019-2021) ба зуҳуроти бегонапарастӣ ҳарчи зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем.

Бино ба таъкиди равоншиносон одам дар аз бар кардани либосҳои сиёҳу торик ва «Ҳиҷоб» худро озод ҳис намекунад ва фаъолнокиашро дар ҷомеа коҳиш медиҳад.

Бояд ҳар фарди ҷомеа, махсусан, занону духтарони тоҷик шукронаи давлати соҳибихтиёр, озодиву осоиш ва сулҳу оромиро карда, дар пайи ба даст овардани касбу ҳунар талош намоянд, барои худашон хонаву дари обод, шароити аз имрӯза дида хубтар муҳайё кунанд, хонаву кошонаи худро тозаву озода нигоҳ доранд, боиффату соҳибмаърифат бошанд, бо рафтору кирдор ва андешаву пиндори неки худ номбардори ин Ватан, ин миллат ва ин марзу бум бошанд.

Корманди раёсати илм ва инноватсия

Б.Раҷабов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ