​Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид

Имрӯз 22-юми ноябр, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии умумидонишгоҳӣ таҳти унвони “Парчам – рамзи садоқат ва истиқлолияти миллӣ” баргузор гашт.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Хайрулло Сабуров конфронсро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Парчами миллӣ рамзи истиқлолу озодӣ, дӯстию рафоқат, бахту иқбол, ватандӯстдорию меҳанпарастӣ, ору номуси ватандорӣ ва нишон аз ҳувияти миллӣ ба шумор рафта, парафшонии он моро ба сӯи ояндаи неку дурахшон ва фардои ободу осуда раҳнамоӣ дорад.

Баъдан, номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ, Фаридун Ҳодибоев дар мавзӯи “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандории ҷавонон” маърӯза намуда, таъкид дошт, ки эҳтироми муқаддасоти миллӣ, хосатан Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ҳар як шаҳрванди баору номус ва масъулиятшинос ба ҳисоб рафта, он ифодакунандаи гузаштаи пурифтихор ва фардои дурахшони миллату давлати азизамон буда, дар таҳкими худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллӣ нақши муассир дорад.

Ҳамчунин, дар ҷараёни конфронс номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи умумӣ, Фаррух Ҳусейнов ва сармуаллими кафедраи таърихи халқи тоҷик, Ҷамолиддин Абдукаримов доир ба масоили “Аз таърихи парчам ва парчамдории ниёгон” ва “Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол – рамзи озодӣ ва соҳибдавлатӣ” маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа дошта, паҳлуҳои гуногуни масъаларо мавриди мқҳокима қарор доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ