Махалгароӣ
Маҳз Эмомалӣ Рахмон ҳамчун Раиси Шўрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иктисодӣ, фархангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт.
Вақт ва таҷрибаи таърихии давраи истиқлолият исбот намуданд, ки рохи муайянкарда ва пешгирифта Эмомалӣ Рахмон алтернативаи дигар надошт. Таърихи давлатдории навини Тоҷикистон исбот намуд, ки мардуми кишвар дорои қувваи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи хамагуна моҷароҷўиро гирифта метавонад ва обрўву нуфузи кишварро дар арсаи байналмиллали собит ва ҳифз менамояд.
Аксарият аз ватандорию ифтихори миллӣ, дӯст доштани марзу бум ва маҳкуми маҳалбозӣ тавассути матбуот, радиою телевизион, маҳфилҳои хоса зиёд ҳарф мезананд. Чун онтарафтар
мераванд, суханашон бо амалашон тамоман мухолиф аст. Мардум ба гапу амали онҳо мутаваҷҷеҳ гардида, дилашон аз ин тоифа, ки
ағлаб гандумнамои ҷавфурӯшанд, мемонад. Худошиносӣ аз худшиносӣ маншаъ мегирад.
Каси бори аввал дидаамонро ҳатман мепурсем: «Аз куҷоӣ? Оре, бадтарин суол аст! Барои шахси ифтихори миллидошта ин пурсиш мисли теғест бар ҷигар. Устоди шодравон Лоиқ Шералӣ ҳам аз ин суол ба дод омада, ки гуфтааст:
Аз куҷоӣ? Суоли миллаткуш,
Аз чӣ дардӣ, туро чӣ ойин аст?
Баҳри миллат чу сарсупурдаи ӯ,
То куҷо меравӣ? Суол ин аст!
Агар вуҷуди мо аз имону виҷдон, инсофу адолат, самимияту ифтихори миллӣ орӣ бошад, пас мо худшинос нестем. Вақте худшинос нестем, пас чӣ тавр худоро мешиносем? Ватандӯстӣ ҳам аз имон аст. Иддае аз шаҳрвандонамон пас аз бозгашти давлати хориҷае ба тарғибу ташвиқи он давлат мепардозанд. Чӣ қадаре, ки метавонанд, кишвари худро наҳ мезананд. Онҳо намеандешанд, ки : «Амири беватан зору ҳақир аст»… Ин обу хоку диёр барои ҳар яки мо манбаи зиндагии хуррамона ва ҳаёти осоишта мебошад. Ба қадри ин хоку диёр бояд расид.
Ҷойи таассуф ва боиси нигаронист, ки дар оғози садаи бистуякум, замоне ки инсон кайҳонро фатҳ кардаву пешорӯи кашфиёти
бештару беҳтар қарор дорад, мо ҳанӯз ҳам дар чоҳи бадбӯйи маҳалгароӣ ғӯтаварем. Шигифтангезаш он аст, ки зиёиёни мо аламбардорони ин зуҳуроти нангинанд, ки теша ба решаи миллат мезананд. Дареғу дод,
ки ҳеҷ ёрою тавони аз чорчӯбаи танги маҳал раҳо шуданро надорем. Агар нафаре бо тақозои вазифа ва ягон сабаби дигар дар ягон гӯшаи дигари диёр зиндагӣ ихтиёр намояд, ӯро ҳамчун тоҷик не, балки намояндаи маҳал мешиносанд. Баъди чанде ҳатман мегӯянд: Фалон ҳамсояи навомада кӯлобӣ, бадахшӣ, хуҷандӣ ё зарафшонист.
Як нуқтаро ҳам бояд гуфт, ки мардуми деҳоти мо одамони соддаю самимӣ ва орӣ аз марази маҳалгароиянд. Ҷавонони рустоӣ низ то замони ба шаҳрҳо - марказҳои фарҳангӣ омадан хулқу атвори накӯ доранд, аммо ҳамин ки ба шаҳр омаданд, зери таъсири «Ақлҳои даррок» мубталои ин маризии лоилоҷ мешаванд. Сад афсӯс, ки мо ворисони бесидқем ва дар
чоҳи ғафлату маҳалгароӣ дармондаем. Ҳоло тарси банда ҳам аз он аст, ки баъди хондани ин сатрҳо напурсанд: «Муаллиф худаш аз куҷост?»
Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳалаи худ накши махсусе дорад. Дар таърихи навин аз нигоҳи мо, волотарин дастовардамон соҳиб шудан ба истиқлоли давлатии Чумҳурии Тоҷикистон аст, ки баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ амалӣ гардид.
«Таърих гувоҳ аст,-менависад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - ки тўли ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борхо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст»
Истиқлолияти давлатӣ барои мо - тоҷикистониён ба осони ба даст наомад. Бо таъсири қувваҳои бадхоҳу маҳалгарои дохилию хориҷӣ кишварамон ба ҷанги шаҳрванди кашида шуд, ки боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафот ва хисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашта, пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонид, қонуншиканӣ ва бесарусомониҳоро дар мамлакат ба вуҷуд овард.Аз ин лиҳоз, мо ҷомеаи омўзгорон бар зидди маҳалчигиву маҳалгарои ҳастем, зеро халқи меҳнаткашу меҳмондўсти тоҷик бо Сарвари оқилу фарзонаи худ дар байни ҷаҳониён обрўву эътибори хосаро бо ҷаҳду талошҳои зиёд ба даст овардаас.
Муаллимаи кафедраи Т ва МТО Дадобоева Б.Э.
Дотсенти кафедраи Т ва МТО Дадобоеа М.Н.
Дотсенти кафедраи Т ва МТО ҚўзиевМ.А.
Муаллимаи кафедраи Т ва МТО Абдуллоева А.У.