Рушноӣ бар зулмот ва некӣ бар бадӣ ғолиб омад
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлати соли 1991, айёми душвору пуртазод, нооримиву низоъҳо ва ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронид. Дар ин солҳо мардуми кишвар ба амалҳои ғайриинсонии аъзоён ва тарафдорони наҳзатиҳои террористу ифротгаро дучор гардид. Идомаи минбъдаи ин ҳолат метавонист боиси пора-пора гардидани давлати тоҷикон гардад, таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.
Ҳизби террористии наҳзати исломӣ боиси ҷанги шаҳрвандии кишвар ва кушта шудани ҳазорон ҳазор ҳамватанон гардид. Ин ҳизб на фақат бар хилофи манофеи миллии мо ва бар зарари мардуми Тоҷикистон амал мекунад, балки он ҳамзамон дар сатҳи минтақа низ бо шабакаҳои маъруфи террористии бунёдгаро ҳамкорӣ карда, боиси идома ёфтани даҳшатпарокании ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ мегардад.
Дар баробари ин, мутаасифона имрӯз дар ҷомеа ашхоси ифротию хурофотзадае ҳам ҳастанд, ки мисли наҳзатиҳои террорист дар асоси назариёти пучу бемаънӣ ва сохтаву бофтаи худ амал карда, аз дуруғу тавтеа ахбореро байни мардум паҳн мекунанд, ки гӯё ҷашн гирифтани Наврӯз аз нигоҳи дин ҳаром бошад ва ҳар нафаре, ки Наврӯзро ҷашн мегирад, наҳзатиҳои палид кофираш мехонанд.
Бояд қайд намуд, ки то ҳол наҳзатиҳои террористу ифротӣ дар якҷояги бо дигар думраваконаш сиёсати паси пардагии худро бо даст доштани барномасозон ва сарпарастони хоҷагони бурунмарзиашон идома дода, дар расонаҳои интернети дуруғу буҳтонҳоро ба сари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми он раво дида, мехоҳанд бо ин васила ба мақсадҳои нопоки худ расанд. Онҳо мунтазам таҳқири давлату миллати тоҷикро ба воситаи сомонаҳои интернети идома дода тариқи ташвиқоти нодурусти худ онҳо мехоҳанд сафи худашонро зиёд кунанд. Аммо доғе, ки аз ҷониби ин хоинони миллату давлат дар қалбҳои мардуми шарафманди кишвар гузоштаанд ҳеҷ гоҳ зудуда намешавад ва насли даврони истиқлол ба ин зархаридони хоҷагони хориҷӣ бовар надоранд.
Аммо ҳар як монеа эҷод карданҳо ва сади роҳи шукуфоии кишвар шуданҳои роҳбарият ва масъулони наҳзатӣ мақсад ва ҳадафе шуме дорад. Мақсад ва ҳадафи наҳзатиҳои ифротӣ аз душманӣ варзидан бар зидди њама гуна љашнњои мамлакат дар он аст, ки онҳо мехоҳанд, миллати моро аз фарҳангу маданияти қадимаи худ дур созанд ва фарҳанги бегонаеро бар дӯши мо бор кунанд.
Имрӯз наҳзатиҳои ифротӣ кӯшиш доранд, ки ҳамон балои хонумонсӯзро ба сари миллати тоҷик биёранд. Вале ҳеҷ гоҳ ба мақсади худ ноил намешаванд. Чунки ҳадафи миллати мо нигоҳ доштани арзишҳои волои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад.
Дар солҳои навадуми асри гузашта наҳзатиҳо ҳамин кӯшиши хиёнаткоронаашонро карда буданд ва дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро роҳандозӣ карда, боиси талаф ёфтани ҳазорон нафар ва бехонумон гардидани мардуми зиёд шуда буданд. Онҳо зиёиёну фарҳангиёнро қатл мекарданд, дар кишвар тарсу даҳшатро ҷорӣ менамуданд ва бо ин амалҳои касифонаашон мехостанд, ки ҳаёти мардумро ба зулмот табдил диҳанд, аз ҷумла онҳо ният доштанд, ки Наврӯз ва дигар ҷашну анъанаҳои аҷдодии моро аз байн баранд.
Вале мардуми шарифи Тоҷикистон дар атрофи Раҳбари давлат, Пешви миллат ҷамъ омада, дар муборизаи зидди ин тудаи табоҳкор муттаҳид гардиданд. Оқибат рушноӣ бар зулмот ва некӣ бар бадӣ ғолиб омад. Айни замон мардуми кишварамон дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ дорад. Ва мо ҳамеша кўшиш менамоем, ки ин сулҳу суботро нигоҳ дорем ва сади роҳи вайрон кардани тинҷию оромии кишвари азизамон гардем.
Ҳ. Т. Ҳакимова, сармуаллимаи кафедраи забон ва адабиёти Коллеҷи омўзгории шаҳри Хуҷанд