​Маҳалгароӣ- вабои миллат

Ба истиқлолияти миллии мо инак беш аз ду даҳсола мешавад. Он дар натиҷаи хомӯш гардонидани ҷангу ҷидолҳое, ки солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвар сар зада буданд, ба даст омадааст. Тамоми таърихнигорону таҳлилгарони масоили сиёсиву таърихии кишвар ин андешаро ҷонибдорӣ мекунанд, ки ҷанги шаҳрвандии мо дар натиҷаи маҳалбозии гурӯҳҳои алоҳида сар зада буд.

Аммо ба андешаи бархе аз коршиносон то кунун қишре аз ҷомеа маънии ваҳдатро ба таври бояду шояд дарк накардаанд. Далели инро мо дар арзи мавҷудияти гурӯҳҳои зиёде бо номҳои маҳал ва минтақҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ медонанд, ки дар онҳо аксу видеороликҳо ва мақолаву гузоришҳо аз арзишҳо ва дастовардҳои чӣ маънавию чӣ моддии он маҳаллаҳо дар гардиш аст. Маҳалбозӣ аз гурӯҳҳои хурд маншаъ мегирад. Маҳалбозӣ ин як заҳрпечакест, ки имрӯз мо дар амалҳои бисёре аз ҷавонон мушоҳида мекунем. Ин гурӯҳбозиҳо ба арзишҳои миллӣ муқобилият нишон медиҳанд.

Пешгирии ин амалҳо амали хубе мешуд”.

Як нукта қобили таваҷҷуҳ аст, ки ҳарф задан перомуни маҳал ба яке аз мушкилтарин падидаҳо табдил гаштааст, ки ҳеҷ кадом як коршиносе то ба ҳол наметавонад перомуни ин мафҳум назари хоси худро ироа кунад ё дар воқеъ ақидаияк донишманди дигареро бипазирад. Зеро ба андешаи нимае аз афрод маҳалгароӣ ҷомеаро ба самти нобудиву парокандагӣ мекашад ва иддаи дигар даъво менамоянд, ки баръакс, маҳз маҳалгароӣ омили ватандӯстии миллӣ мегардад. Зеро агар шахс маҳалли худро, ки дар он ҷо зода шудаасту одаму одамгариро аз ҳамон ҷой омӯхтааст, дӯст дошта натавонад, ҳеҷ гоҳ миллату давлати худро дӯст нахоҳад дошт.

Ба андешаи равоншиносон одаме, ки шуураш дар сатҳи маҳал аст, барои ӯ мушкил аст, ки шуури ӯро ба сатҳи миллат бурд. Ягона чизе, ки шуури ӯро ба дигар сатҳ мегузаронад, донишу маълумоту савод аст. Оғози Ватан аз зодгоҳ аст. Ҳар ки маҳали худро обод мекунад, гӯшае аз Ватанро обод кардааст ва дар маҷмӯъ кишвар гулгулшукуфон мешавад.

Хулоса бар ҳамаи ин гуфтаҳо ин аст, ки имрӯз мебояд фаҳмиши мардум нисбат ба маҳал ва маҳалдӯстӣ дигар шавад. Зеро ҷомеа ҳамеша механизме дорад, ки онро аз олудагиҳо пок мекунад. Маҳалли худро дӯст доштан метавонад ба он сабаб шавад, ки фаротар ин тафаккур намоӣ ва дар баробари маҳал миллат ва Ватанро қадр кунӣ. Аммо агар тавони дӯст доштани зодгоҳи худро надошта бошем, кай метавонем ба дарки миллат ва Ватан бирасем? Ин саволест, ки маҳалгароён ва он нафароне, ки тамоми бурду бохти хешро ба маҳал водор медиҳанд ва нотавониҳои худро низ баъзан ба маҳал вобаста медонанду аз рушду инкишоф канор мемонанд, бояд ҷавоб гӯянд. Бояд бар ин андеша қоим буд, ки ҳар нафаре мегӯяд фалонӣ бо сабаби аз фалон маҳал будан соҳиби мақому манзалат аст, худ маҳалгарост ва тавони дидани бурду бохти он нафарро надорад, зеро тафаккураш дар ҳамон сатҳ аст.

Бобоева Н. сармуаллима ва

Маҳмудова Н.-дотсенти кафедраи

электроникаи факултети физикаю техника

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ