Иғвогарӣ - бас акнун!
Дар урфият мегӯянд, ки агар аз дастат некӣ кардан наояд, бадӣ ҳам накун. Афсӯс, ки дар замони ҳозира дар байни мо шахсоне вомехӯранд, ки ба ҷои он ки манфиати худро нисбати ҷамъият, миллат, халқ ва ватани худ расонанд, баръакс дар байни мардум иғво андохта мехоҳанд, ки тинҷию оромии халқро барҳам диҳанд. Эй шахси дурӯғгуй пеш аз он ки ин хел гапҳои иғвоангезро мегӯӣ, андеша кун. Беҳ мешуд, ки ягон нафъатро ба мардум мерасондӣ. Мо шукрона мекунем, ки дар чунин давлату миллати биҳиштосо зиндагӣ ва фаъолият мекунем. Шукр мекунем, ки чунин пешво дорем, зеро бо шарофати чунин шахси абарқудрат мо ба чунин тинҷиву осоиштагӣ ва серию пурӣ расидем. Он гапҳое, ки ту мезанӣ ту бо чашми худат дидаӣ ё шоҳиди ҳамин гуна рафторҳо шудаӣ, не ту пеш аз он ки ин суханонро мегӯӣ, солҳои ҷанги шаҳрвандиро ба ёд ор! Вақте, ки ҷанги бародаркушӣ ҳукмфармо ягона инсоне, ки аз байни халқ баромада “Ман то ҷон дорам сулҳро дар Тоҷикистон барқарор мекунам” гӯён ана ҳамин пешво баромаданд. Ягон шахсе набуд, ки ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро хотима бахшад. Мардонагии пешвои миллат, Президенти муаззами миллат, ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ба ин ҷанг хотима бахшид, вай мисли Президенти Қирғизистон Аскар Акаев аз майдони набард нагурехт. Баръакс вай ба даруни халқ даромад. Мумкин мардумони дигар давлатҳо нисбати давлати тоҷикон кинаву адоват намуда ин хел суханҳои дурӯғро бофтамебарояд. Ҳоло мо шукри онро кунем, ки дар мамлакати мо сулҳ ҳувайдо аст. Солҳои 1994-1995 мардум ба навбати нон харидан меистоданд, ҳамон ҳам бошад бо талондода мешуд. Ҳатто ба як қисми одамон нон намерасид. Омӯзгорон бошанд, дар вақташ маошашонро намегирифтанд. Шукр мекунем, ифтихор мекунем, ки пешвои миллат дорем. Ҳоло дар бозорҳо нон фаровон аст. Ҳамаи ин ғамхории Президенти мӯътабари мо буд, ки мо ба ин рӯзҳои тинҷу осуда ва осмони софу беғубор расидем.
Дар ҷумҳурии мо ҷавонони бошуур, босавод тарбия ёфта истодаанд. Ин аз он гувоҳ медиҳад, ки ҷавонони тоҷик дар макотибҳои олии ҷумҳурӣ ва берун аз он таҳсил карда, бо дониши баланд онро хатм намуда, мутахассиси пуртаҷриба шуда, фаъолият бурда истодаанд.
Дар ягон моддаи қонун гуфта нашудааст, ки дар маросими дафн гиря кардан манъ карда шудааст ё ин ки пӯшидани куртаи кабуд ва дар хонаи марҳум ба ғайр аз аҳли оилаи худ дигар кас истоданаш мумкин нест.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол бо ятимон вохӯрӣ, дастархони идона гузаронида дасту дуо бардошта сари онҳоро сила мекунанд.
Эй иғвогар ин суханҳои дурӯғро ба рӯи қоғаз оварда халқи тоҷикро ба иғвомеандозӣ. Магар шарм намедорӣ.
Месазад, ки ҳар фарди Ватани азизамон, алалхусус ҷавонони имрӯз дар гирди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, бо ваҳдати комил, дустиву бародарӣ, якдиливу якмаромӣ ҷонибдории хешро иброз дорем, баҳри ободии Тоҷикистон хизмат намоем ва ба қадри хушбахтии миллат бирасем.
Устодони кафедраи математикаи олӣ ва амалӣ