​Ҳарзаи бӯқаламуни ватангадо!!!

Баъзе бандагони Парвардигор бехабар аз он, ки худ гумроҳ шудаанду пуштибонҳояшон ӯро чун маводи яккарата истифода мебаранд ва баъдан чун ҷузъи нолозим ба майдони нопайдоканор мепартоянд, андешаю матлаби хоми худро рӯи қоғаз оварда дар байни ҷомеъа сухангӯӣ мекунанд. Таърихи муосир собит кардааст, ки як гурӯҳ муғризони нобакор, ки онҳоро танҳо нафсонияти ҳайвонӣ ҳамзист кардааст, ҳаргуна созмону ташкилотҳои бадандешу бадкор, чун Ҳизба наҳзати ислом, Анҷумани озодандешони Тоҷикистон, Паймони миллии Тоҷикистон, Анҷумани муҳоҷирони тоҷик дар Аврупо ва ғайра ташкил намуда дар байни ҷаҳониён бо дасисабозию тӯҳмат нисбати Ватани аҷдодиашон машғуланд. Ин нобакорон худ қоил мешаванд, ки дар байнашон ихтилофоту кашмакашҳои зиёде мавҷуд буда танҳо дастури хоҷагони маблағгузорашон онҳоро ҳамчун гурӯҳи барҷомонда мутаҳид кардааст.

Шиносоӣ бо ҳарзаҳои Сайидюнуси Истаравшанӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар фарди поквиҷдону Ватандӯстро водор месозад, ки дар канор набошанд ва нисбати андешаи хоинонаи нафарони палит ибрози ақида кунанд. Худ қазоват кунед, ки ин ватанфурӯшон дар даруни як гурӯҳ чораи таслим ба якдигарро пеша кардаанд ва худи ин ҳолат гувоҳи он аст, ки ин нафарон мавқеи муайяни шаҳрвандӣ ва сиёсӣ надоранду бозичаю лӯхтаки зочабозони хориҷианд. Ин нобакор худ бешармона иброз медорад, ки “Вақте ту танҳо ҳастӣ ва ба сурати инфиродӣ фаъолият мекунӣ, ҳеҷ монеъе дар баробари ту вуҷуд надорад, ҳар чӣ дилат мехоҳад, анҷом медиҳӣ. Аммо вақте дар даруни як гурӯҳӣ, дар мавориде чорае ҷуз таслим дар баробари тасмими гурӯҳӣ надорӣ. Чун, билохира, ҳама мисли ту нестанд, ҳама мисли ту намеандешанд, бояд барои тасмими ҷамъӣ ва гурӯҳӣ эҳтиром қоил бошӣ. Ин ҷоҳост, ки қурбон кардани мавозеи шахсӣ ба хотири мавзеи гурӯҳӣ, бисёр душвор аст. Душвор, аммо барои расидан ба ҳадаф натиҷабахш. Ин аст ҳусни кору фаъолияти гурӯҳӣ”.

Ихтилофҳои дохилии ин лӯхтакони бе лаҷом аз он ҳувайдост,ки яке созмонҳои фирқавии худро “миёндавраӣ” мешумораду дигаре ин ташкилоти маккорону қаллобонро доимиву устувор!? Афроди нобакор, ки ҳадафҳояшон ҷустуҷӯи манфият ва назари бад аз кирдори дигарон аст, доимо чун кирми гӯр аз паи луқмаи нопоки бедардумиён ҳастанду кирдору рафторҳои аъзои Паймони миллии Тоҷикистон монанди ин тамсил аст. Дар ҳолатҳое, ки аз зери нохун чирке дарнаёбанд, худро “мусичаи бегуноҳ” тарошида ба зери нохун мехоҳанд ифлосию нопокиҳои худро ҷой диҳанд.

Дар илми муосири табиатшиносӣ мафҳуми “ҳамзистӣ”- ро бо истилоҳи “симбиоз” шинохтан ё тамсил кардан маъмул шудааст. Фарди бофарҳангу босавод аз истифодаи чунин тамсил ва истилоҳ худдори менамояд. Зеро, маънои аслии ин истилоҳ дар ҳамзистию ғизогирии ду организми алоҳида дар як макон асту одатан олимони соҳа ин ҳолатро “хуносо” низ ном мебаранд. Агар, дар байни хоинони Тоҷикистони биҳиштосо, ки худро мутеъи Паймони миллии Тоҷикистон медонанд, нафаре босаводу бофарҳанг мешуд, аллакай ин нобакореро чун Сайидюнуси Истаравшанӣ аз кашталаш ба дор меовехт. Вале, мутаассифона дар ин созмони сохтакорона нафаре пайдо нашудааст, ки сухангӯиҳои ватангадои беимонро таҳрир кунад ё худ бар зидди он вокунише карда бошад. Азбаски дар ҳайати нобакорони беватан чунин афрод пайдо нагардид, ин хоинони ватанфурӯш, ки худро чун намояндаи миллати тоҷик муаррифӣ мекунанд, дар назди ҷаҳониён миллати тамаддунофари тоҷикро бо бесаводии худ бадном мекунанд. Зеро, мардуми давлатҳои дигар аз ботини аслии ин нафарон бехабаранду нафаронеки аз таърихи тамаддун огаҳӣ надоранд, хаёл мекунанд, ки ҳамаи тоҷикон ҳамин тур бошанд.

Мардуми бо ору номуси Тоҷикистони азизам, ки аз кирдорҳои муғризонаи виҷдонфурӯшони наҳзатӣ солҳои сол танҳо рафтори ношоистаю хиёнат ба ватанро дидаанд, ҳеҷ замоне дигар фирефтаи ҳарзаҳои нобакорони имонфурӯш нахоҳанд шуд. Баръакс, ҷаҳду талошҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвари ободу осударо аз самими дил эҳсос намуда сарҷамъу муттаҳид мешаванд ва кулли ҷомеаи Тоҷикистон доимо омода ҳастанд, ки мақсаду мароми созандаю суботкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намоянд ва дар ин ҷода муваффақ низ шудаанд. Зеро, ҷаҳониён аллакай мардуми шарифи тоҷикро ҳамчун мардуми тамаддунофар, раъиятпарвар, табиатдӯсту меҳмоннавоз мешиносанду итминони комил доранд, ки кишваре, ки сарвараш одилу оқил, ватандӯсту содиқ, фурӯтану собитқадам мебошад, соҳиби ояндаи нек аст.

Собиров М.С.мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат, дотсенти МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”

Дадобоев М.А. сармуаллими кафедраи геоэкология ва методикаи таълими МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ