Дастури дастгирии Пешвои миллат оид ба болоравии нархи интернет
Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нархи истифодаи интернет ва арзиши тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ тибқи фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2019, №54 ба ҳолати аввала баргардонида шуд.
Масъулони чанд ширкати мобилии Тоҷикистон ҳам хабар доданд, ки ба зудӣ таърифа ва нархи пешинаи Интернетро барқарор мекунанд. Онҳо барои эҷоди нороҳатӣ аз мардум маъзарат хостанд. Ширкати "Тселл" шаби 23-юми апрел бо нашри иттилоияе гуфт, "дар ҳоли ҳозир корҳои фаннӣ ҷараён дорад, то таърифа ва хидматрасониҳои қаблӣ дубора фаъол шавад. "Мегафон-Тоҷикистон" дар баёнияе аз қатъи фармони болоравии нархи Интернет ва гуфтугӯи мобилӣ хабар дод. Масъулони ширкат гуфтанд, ба зудӣ дастури президенти Тоҷикистонро барои фаъол кардани хадамоту таърифаҳои қаблӣ иҷро хоҳанд кард.
Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон рӯзи 18-уми апрел нархи Интернет, гуфтугӯи мобилӣ ва NGN-ро боло бурданд. Нархи як мегабайт Интернети мобилӣ бо дарназардошти андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз 6,2 дирам ва қимати як гигабайти он 62 сомонӣ таъйин шуд. Қаблан як гигабайт Интернет аз 30 то 35 сомонӣ буд.
Аз ин тасмим Кумитаи андози Тоҷикистон ҳам ҷонибдорӣ карда, онро барои ҷамъоварии молиёти бештар муҳим донист. Назар Одиназода – муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ – дар сӯҳбате бо Радиои Озодӣ гуфта буд, то имрӯз қимати як мегабайт Интернет дар кишвар то 50 дирам буд ва онҳо баръакс онро поин оварда, ба 5 дирам (бе андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз) расонданд.
Ин баҳс тӯли ду ҳафта ба шиддат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷараён дошт. Баъди талошҳои бенатиҷа барои поин бурдани нархи истифода аз Интернет, фаъолони ҷомеа тасмим гирифтанд, бо як муроҷиатномаи дастҷамъӣ ба раиси ҷумҳур ва додситони кул муроҷиат кунанд. Онҳо рӯзи 22-юми апрел ба ҷамъоварии имзо дар Душанбе оғоз карданд.
Шоми 23-юми апрел ғайриинтизор хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки "нархи истифодаи интернет ва арзиши тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ ба ҳолати аввала баргардонида шуд" ва "нисбат ба шахсони масъуле, ки ба ин кор роҳ доданд, чораҷӯӣ карда шуд".
Амир Боқизода – устоди ДДХ