​Изҳороти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа

Яке аз масъалаҳои марказие, ки чун доғи рӯз дар тамоми васоити ахбори умум баррасӣ гардида истодааст, ин масъалаи фаъолияти ТЭТ ҲНИ мебошад. Аз як тараф агар рӯзноманигорон ба омма ин масъаларо баррасӣ намоянд, аз ҷониби дигар худи шаҳрвандон низ аслу моҳияти ин ташкилотро дарк намуда истода, фикру акидаҳояшонро иброз дошта истодаанд.

Ягон дини мавҷуда одамонро ба тундгароӣ, золимӣ, бераҳмӣ, куштани одамони бегуноҳ ва фаҳш даъват намекунад. Баръакс, ин динҳо инсонњоро ба рафтори парҳезгарї, олиҳимматӣ, риояи қонунҳо, эътироз ба зўроварӣ ва дигар сифатҳои баланди инсонӣ даъват менамоянд. Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Дини мубини ислом бояд минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва бо ҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем.

Аммо бо комёбиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ накарда, ҲНИ ва аъзоёни ў то ҳоло баҳсу мунозираҳои бемаврид ва бемазмун ва ғайра машғул мебошад, ки одами солимақлро ба ҳайрат меорад. Онҳо истифода аз афкори фалсафӣ, ахлоқӣ, динии донишмандони тоҷик сатҳи маърифати дунявӣ ва динии тамоми табақаҳои ҷомеа бо роҳи ташкил намудани мактабҳои доимоамалкунанда дар маҳалҳои зист, тайёр намудани кадрҳои ҳаматарафа босавод ба хотири тарбияи дурусти ҷавонон ва ташкили муколама байни (диншиносон ва илоҳиятшиносон) ҳиссагузор ва фаъол шавад, ба манфиати ҳар ҷомеа буд.

Пай дар пай амалї нашудани наќша ва барномаҳои наҳзатӣ гувоҳи он аст, ки ТЭТ ҲНИдар арсаи минтақавӣ обрӯ ва нуфуз надорад, мардуми тоҷиказ барномаи фиребгарон огоҳ шуда, сари вақт аз шахсиятҳои ҲНИ имтиноъ меварзанд. То ҳол аъзоёни собиқ ҲНИТ бо мақсади барпо намудани салоҳияти исломӣ дар Тоҷикистон буда, тавассути раванди тактикӣ дарёфти маблағ, тавсеа додани нуфуз, иғвогарии матбуотӣ ва интернетӣ ногузир сохтани вазъ дар минтақа мебошад.

Хушбахтона, имрӯз миллати абарқудрати тоҷик бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, мӯҳтарамЭмомалӣ Раҳмон барои шукуфоии кишвари биҳиштосои худ софдилона меҳнат карда истодааст.

Мо аҳли ҷомеаи кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа пайрави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, мӯҳтарамЭмомалӣ Раҳмон ҳастем!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ