​Сафари кории Пешвои миллат Эмомалї Рахмон ба Аврупо

Аз расонаҳои хабарӣ маълум гашт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Франсия сафар корї намудаанд. Сафари корӣ аз 4-уми ноябр то 12-уми ноябр давом мекунад. Дар се соли охирин нахустин сафарии кори Эмомалї Рањмон ба Аврупо аст. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Максади сафари кории Пешвои миллат Эмомалии Раҳмон аз он иборат аст, пойдор намудани сулҳу Ваҳдати миллӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Инчунин ҳамкори дар самти иқтисодиёт ва савдо, молия, энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияи навва соҳаи маориф мебошад.


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ