Дар ҳошияи мақолаи Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода «Дин ва арзишҳои миллӣ”

Вазъи ноустувори ҷаҳони муосир ва шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсиву геоиқтисодӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрўз муаммоест, ки ҳаллаш фаъолияти дастҷамъонаи тамоми кишварҳоро тақозо менамояд ва ба манфиати умум мебошад.(новобаста аз рўи миллат, мазҳаб, нажод, мавкеи ҷуғрофӣ..). Авзои кунуниидавлатҳоро (ҳам абарқудратон ва ҳам ба қавле «заифон») аз тариқи расонаҳои хабарӣ дидаву шунида, ростӣ сахт андўҳгин мешаведу намедонед, ки киро гунаҳкор шуморед. Сурия, Ливия, Афғонистон, Украина, Франсия ва даҳҳо кишварҳои дигар, ки вазъияти хеле ноором дошта, мардумашон сарсону саргардонанд, фардо ба дар назди насли навраси худ чӣ ҷавоб медода бошанд. Мегўянд, ки «аз хурдон хатову аз бузургон ато», лекин вазъи имрўзаи сайёра акси гуфтаҳост.(бузургон хато мекунанду, хурдон таҳаммул…)

Солҳои охир бисёрмазҳабӣ миёни мардуми сайёра мушкилоти хунину вазнинеро ба бор овардааст. Давлатҳои ба ном абарқудрат барои ба даст овардани манбаъхои бузурги нафт, ки бештари ин сарвати гаронбаҳою пурқимат дар кишварҳои манотиқи Шарқмавҷуданд, аз ҳама омилисоддава барои онҳо қулай, ки истифодабурданаз динва мазҳаб маҳсубмеёбадроҳандозӣкардаистодаанд.Мутаассифона барои расидан ба ин мақсади хеш онҳо ба шумораи зиёди одамон зарар расонида, сабаби марги ҳазорон одамони бегуноҳ мешаванд. Фирдавсии бузург ҳанўз ҳазор пеш дар «Шоҳнома»-и безаволаш баин маънӣчунинфармудааст:

Зиёникасоназ паисуди хеш,

Биҷўяндудин андароранд пеш.

Ба арсаи сиёсӣ баровардани ислом бо истифода аз бовариву эътиқоди шумораи зиёди аҳолии кураи замин ҳамеша боиси ноором гаштани вазъи иҷтимоӣ - сиёсӣ гашта, фақат ба манфиати доираи маҳдуди «абарқудратон» мебошад ва ғайр аз харобивукуштор чизе аз пай надорад. Дар ҳадиси Паёмбари акрам (с) омадааст: «мусулмон касест, ки аз дасту забони ў солим бимонанд».

Устодони факултети педагогӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ