Изҳороти ​​устодони кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ

Гурӯҳҳои терорристӣ, ки ифодакуннадаи манфиатҳои давлатҳои алоҳида мебошанд бо истифода аз ислом рӯз ба рӯз шаклҳои нави террорро коркард намуда истодаанд, ки пой омадҳои манфии иқтисодиро низ ба кор меорад. Дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои “Давлати исломӣ” зиёда аз 200 ҳазор шаҳрвандони Сурия гумному кушта шуданд, ки аз ин шумора 10 ҳазор нафар кӯдакон ташкил медиҳанд. Зиёда аз 3 млн. нафар тарки ҷову макони худро карданд. Зарари молиявии ба ин кишвар расида ба 104 млрд.доллар баробар аст.

Мувофиқи моддаи 8 Конститутсияи мамлакат ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ дар асоси бисёр ҳизбӣ сурат мегирад, ягон идеология аз он ҷумла ислом ба сифати идеологияи давлатӣ эътироф карда намешавад. Ташкилотҳои динӣ,ки тибқи қонун аз давлат ҷудо мебошанд, ба корҳои давлатӣ дахолат карда наметавонанд.Асоси ҳуқуқи мубориза бар зидди ифротгароиро дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон,қонун “Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ” ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди ҳуқуқи байналмиллалӣ, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф карда шудаанд, ташкил медиҳанд.

Соли 2003 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза зидди ифротгароӣ” қабул карда шуда, ки мақсади он пеш аз ҳама риоя кардан ва ҳимоя намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини якпорчагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бояд зикр кард, ки имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон аз он ҷумла, ҷавонони мо ба қадри сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, оромӣ, сулҳу субот, тинҷӣ ва ҷомеаи солимро қадр намоянд. Бо баробари ин дастаҷамъона барои ҳифз кардани Истиқлолияти давлатӣ вазифадоранд. Қайд кардан зарураст, ки ҳар як шаҳрванди солимақл бояд дарк намояд, ки ваҳдату ягонагӣ муассиртарин воситаи мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб мебошад.

Мо нагузорем, ки дар ҷамъияти мо душманони миллат фарҳанги бегонаро раво бинанд. Аз ин рӯ, тамоми тоҷику тоҷикистонӣ дар тафаккури худ ба таври аниқ дарк намояд, ки таъмини фазои сулҳу оромӣ ҷамъиятии демократиро ба пеш мебарад.

Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро зарураст, ки дар фикри таъмини амнияти миллӣ бошем. Дар раванди дарсҳоямон ҳамчун устод ба шогирдони худ муқаддас будани Ватан ва ҳифзи он – қарзи виҷдони ҳар як шаҳрвандро дарк кунонда тавонем. Мафкураи ҷавононро баҳри ободкардани кишвари азизамон омода созем. Дар тарбияи насли имрӯза баҳри бунёди давлати демократӣ хиштҳои маънавиро чунон гузорем, ки дар мустаҳкам шудани пойдевори давлатамон ҳиссагузор бошем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ