​Ваҳдат - беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад

27 июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Ин рӯз, ки барои халқу миллати мо азизу муқаддас гаштааст, ба осонӣ даст наомадааст. Имрӯз мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд, ки Ваҳдати миллӣ рамзи шарафу номуси ватандорӣ, муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, кафолати хонаи ободу нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.

Қадру манзалати ваҳдати миллиро ҳар як фарди миллат бояд дарк намояд ва баҳри пойдории он ҳамарӯза амал намояд. Чӣ хеле , ки Сардори давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин қайд карданд: «Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт.

Нақши созандаи сулҳу ваҳдат махсусан дар самти таҳким ва такмили давлатдорӣ,ки амалан заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунанд, возеҳ зоҳир гардид.» Ваҳдати мо дар ҳақиқат дастоварди муқаддас аст ва мо омӯзгорон вазифадорем, ки онро дар дарсҳои тарбиявиӣ ба донишҷӯён фаҳмонем то, ки ба қадри сулҳу оромӣ бирасанд. Нагузорем, ки ҳар нохалафе сулҳу ваҳдати моро халалдор созад.

Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад.

Мо омӯзгорони намегузорем, киба ваҳдати миллиамон касе хоре халад, зеро ваҳдати миллӣ -ин тинҷию осоиштагии ҳар як шахс,оила, ҷамъият ва ватанамон мебошад.

Мудири кафедраи МТМ ва ТИРаҷабова С.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ