Ба халқ сулҳу субот лозим аст
Имрӯзҳо истилоҳҳои таҳаммулпазирӣ, гуманизм, либерализм дар нутқу гуфторҳои расмӣ ва расонаҳои хабарӣ зиёд истифода бурда шуда, одамонро ба риояи онҳо тарғиб менамоянд. Воқеан дар ҷаҳони имрӯза сатҳи маърифатнокӣ ва маданияти инсоният нисбат ба давраҳое, ки он вақтҳо барбарияту ҷаҳолат ва зӯроварӣ ривоҷ ёфта буд, ба андозаҳо баланд гаштааст ва ҳамагон аллакай хуб дарк мекунанд, ки ҷангу ҷидолу низоъ ба ягон беҳбудӣ намеоварад ва баръакс ба камшавии наслҳо, паст рафтани сатҳи зиндагӣва қафомонии давлат оварда мерасонад. Аммо дар ҳама замон нафароне ёфт мешаванд, ки бинобар саводи нокофӣ ва ақли кӯтоҳи худ ба ҷамъият бо рафтору амалҳои ношоистаи худ зиёни худро мерасонанд. Мисоли он дар замони имрӯза мавҷуд будани ҳизбу мазҳабҳо ва гурӯҳҳои муташаккилона амалкунанда, монанди Ал-қоида, ҳизби таҳрир ва ғайраҳо мебошанд, ки сулҳу суботи давлатҳоро вайрон намуда, ба ободӣ монеа мегарданд. Албатта онҳо манфиатҳои худро доранд, монанди ба даст гирифтани ҳокимият ва барои ин ғаразҳо ободиву оромиро аз байн мебаранд. Президенти давлатамон дар яке аз нутқҳои худ мегӯянд: «Мардуми Тоҷикистон равшан дарк намудаанд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу пешрафта мубаддал гардонд ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт».
Истифода бурдани манбаъ ва сарчашмаҳои динӣ ба мисли қуръону ҳадис ба мақсадҳои худ шаҳодати маданияти пасту разолат ва беимониву беинсофӣ мебошад. Онҳо мебоист қудрату илмдории худро на бо роҳи зӯроварию истибдод, балки бо дигар роҳҳо, масалан кирдорҳои неки худ, амалҳои хайриявӣ, гуфтору андешаҳои асили мусалмониашон нишон диҳанд ва мақоми исломро баланд бардоранд. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд амиқ фаҳманд, ки ҳамроҳ шудан ба ин гуна ҳаракатҳо, гурӯҳҳои экстремистӣ ҳеҷ ҳосиле надорад ва ба пастравӣ оварда мерасонад.
Терроризм ва экстремизм имрӯзҳо мафҳумҳои ваҳмангез гаштаанд. Баробари шунидани ин калимаҳо кас ба тарс медарояд, чунки аллакай ба ҳамагон маълум ас тки ҳам давлат ва ҳам халқи оддӣ зидди ин зуҳурот мебошанд. Худи калимаи «террор», яъне ба тарс андохтан, тарсонидан пурра маънидод менамояд, кинатиҷаи ин амалҳо ба нобудӣ мерасонад.Аз ин рӯ, дарки он ки қаблаз иҷрои ягон амали зиддидавлатӣ ва ҳамроҳ шудан ба шахсони номаълуму носанҷида чуқурандеша намудан ва худдорӣ намудан зарур аст. Зеро ки биношударо вайрон кардан осон асту вайронаро аз нав обод намудан кори басо мушкил аст. Бо як амалу нияти нопок зиндагии худро якумра доғдор намудан, ҳаёти наздикону одамони бегуноҳро барбод додан на аз рӯи одамият асту на аз рӯи имону мусалмонӣ.
Махсусан, замони муосири мо, ки асри рушдииттилоот мебошад ва чӣ тавре ки мегӯянд «касе, ки иттилоот ба даст меорад, ӯ дунёро ба даст меорад» ва имкониятҳо барои дарёфти касбу кор ва пеш бурдани зиндагӣ ва болоравии касбӣ дар кадом нуқтаи ҷаҳон ки набошад васеъ гаштаанд, ҳамагон бояд дарк намоянд, ва махсусан ҷавонон, ки бе донишу малака ва таҷриба ва ҳатто меҳнати сангин дар кадом соҳае, ки набошад зиндагии хубу зебо ташкил намудан ғайриимкон аст. Ҳар як инсони рӯи дунё танҳо ба андозаи кӯшишу талошҳояш ва дониши андӯхтааш барои худ шароити хуби зист фароҳам меоварад.
Омузгори кафедраи забонхои хоричи Агзамова Т.А.